ДОИШ барои вуруд ба ОМ мавқеъашро дар шимоли Афғонистон мустаҳкам мекунад

Ҷангиёни созмони террористии ба ном Давлати исломӣ (ДОИШ), ки фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ аст, барои омодагӣ ҷиҳати вуруд ба минтақаи Осиёи Марказӣ (ОМ) мавқеъашонро дар шимоли Афғонистон мустаҳкам карданиянд. Тавре хабаргузории Интерфакс иттилоъ медиҳад, дар ин хусус котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев дар Теҳрон зимни вохӯрии котибони Шӯрои амният ва мушовирон оид ба амнияти […]

Asia-Plus

Ҷангиёни созмони террористии ба ном Давлати исломӣ (ДОИШ), ки фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ аст, барои омодагӣ ҷиҳати вуруд ба минтақаи Осиёи Марказӣ (ОМ) мавқеъашонро дар шимоли Афғонистон мустаҳкам карданиянд.

Тавре хабаргузории Интерфакс иттилоъ медиҳад, дар ин хусус котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев дар Теҳрон зимни вохӯрии котибони Шӯрои амният ва мушовирон оид ба амнияти миллӣ дар Афғонистон изҳори назар кардааст.

“ДОИШ баҳри таҳкими ҳузури худ дар шимоли Афғонистон, ки аллакай беш аз 2 ҳазор ҷангиён ҷамъ омадаанд, инчунин муқовимат ба Толибон ва омодагӣ ҷиҳати вуруд ба минтақаи Осиёи Марказӣ тариқи Тоҷикистону Туркманистон кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад”, – иброз доштааст Патрушев.

Ӯ қайд кардааст, ки бо вуҷуди чанде пеш баргузор шудани амалиёти нерӯҳои ҳукумат, ки дар ҷараёни он нобуд кардан ё ба асорат гирифтани зиёда аз 600 нафар ҷангиён муяссар шудааст, тибқи маълумоти гуногун, то ҳол 2,5-3 ҳазор нафар аъзои ДОИШ дар Афғонистон боқӣ мондаанд.

Патрушев изҳор доштааст, ки ҳадафи ҷангиёни ДОИШ таъсиси ба истилоҳ давлати Хуросони Бузург аст, ки он қаламрави Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказиро дар бар мегирад.

“Мувофиқи маълумоти мавҷуда, иншооти зерсохтор, биноҳои мақомоти қудратӣ ва намояндагиҳои дипломатӣ, ҳамчунин шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки ҷангиёни ДОИШ буда метавонанд”, – гуфтааст ӯ.

Хабаргузории РИА Новости менависад, такягоҳи ДОИШ дар шарқи Афғонистон воқеъ буда, он ҷо беш аз 1,5 ҳазор нафар ҷиҳодиён ҳузур доранд ва ба ин созмон пайвастани ҷангиёни нав аз Сурия ва Ироқ, ки тариқи Покистон меоянд, идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.