Палатаи намояндагон ба раисҷумҳури ИМА Доналд Трамп импичмент эълон кард

Палатаи намояндагон ба ҷонибдории барканории Доналд Трамп аз мансаби президентӣ овоз дод. Тавре Медуза хабар медиҳад, аъзои палата (конгрессменҳо) Трампро аз рӯйи ду моддаи айбнома – суистеъмол аз мансаб (230 овоз дар сурати зарурати 216 овоз) ва эҷоди монеа ба кори конгресс (229 овоз) гунаҳкор донистанд. Дар ҳар ду ҳолат ҳам намояндагони Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар ҳайати пурра мухолиф […]

Палатаи намояндагон ба ҷонибдории барканории Доналд Трамп аз мансаби президентӣ овоз дод.

Тавре Медуза хабар медиҳад, аъзои палата (конгрессменҳо) Трампро аз рӯйи ду моддаи айбнома – суистеъмол аз мансаб (230 овоз дар сурати зарурати 216 овоз) ва эҷоди монеа ба кори конгресс (229 овоз) гунаҳкор донистанд. Дар ҳар ду ҳолат ҳам намояндагони Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар ҳайати пурра мухолиф раъй доданд.

Айбнома аз рӯйи суистеъмол аз мансаб (ҳокимият) барои кӯшишҳои Трамп дар мавриди баргузории тафтишот аз ҷониби ҳукумати Украина нисбат ба писари рақиби имкопазири худ дар интихоботи президентӣ Ҷо Байден рӯйи кор омаданд. Дар монеагузорӣ ба кори конгресс президентро пас аз он айбдор карданд, ки ӯ ба маъмурияти худ иштирокро дар тафтишоти анҷоми расмиёти импичмент ё худ изҳори нобоварӣ манъ кард.

Акнун барои аз сари ҳокимият барканор кардани Трамп, ба тарафдорӣ овоз додани аз се ду ҳиссаи сенаторҳо лозим аст. Коршиносон бар ин назаранд, ки чунин сурат гирифтани кор аз эҳтимол дур аст, зеро аксари овозҳоро дар сенат ҷумҳурихоҳон доранд.

Пас аз Эндрю Ҷонсон (соли 1868) ва Билл Клинтон (соли 1998) Трамп сеюмин раисҷумҳури ИМА аст, ки барои эълони изҳори нобоварӣ ба ӯ палатаи намояндагон овоз дод. Овоздиҳӣ дар мавриди импичменти Ҷонсон ва Клинтон ба нафъи онҳо сурат пазируфта, онҳо сари мансаб боқӣ монда буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.