Палатаи намояндагон ба раисҷумҳури ИМА Доналд Трамп импичмент эълон кард

Asia-Plus

Палатаи намояндагон ба ҷонибдории барканории Доналд Трамп аз мансаби президентӣ овоз дод.

Тавре Медуза хабар медиҳад, аъзои палата (конгрессменҳо) Трампро аз рӯйи ду моддаи айбнома – суистеъмол аз мансаб (230 овоз дар сурати зарурати 216 овоз) ва эҷоди монеа ба кори конгресс (229 овоз) гунаҳкор донистанд. Дар ҳар ду ҳолат ҳам намояндагони Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар ҳайати пурра мухолиф раъй доданд.

Айбнома аз рӯйи суистеъмол аз мансаб (ҳокимият) барои кӯшишҳои Трамп дар мавриди баргузории тафтишот аз ҷониби ҳукумати Украина нисбат ба писари рақиби имкопазири худ дар интихоботи президентӣ Ҷо Байден рӯйи кор омаданд. Дар монеагузорӣ ба кори конгресс президентро пас аз он айбдор карданд, ки ӯ ба маъмурияти худ иштирокро дар тафтишоти анҷоми расмиёти импичмент ё худ изҳори нобоварӣ манъ кард.

Акнун барои аз сари ҳокимият барканор кардани Трамп, ба тарафдорӣ овоз додани аз се ду ҳиссаи сенаторҳо лозим аст. Коршиносон бар ин назаранд, ки чунин сурат гирифтани кор аз эҳтимол дур аст, зеро аксари овозҳоро дар сенат ҷумҳурихоҳон доранд.

Пас аз Эндрю Ҷонсон (соли 1868) ва Билл Клинтон (соли 1998) Трамп сеюмин раисҷумҳури ИМА аст, ки барои эълони изҳори нобоварӣ ба ӯ палатаи намояндагон овоз дод. Овоздиҳӣ дар мавриди импичменти Ҷонсон ва Клинтон ба нафъи онҳо сурат пазируфта, онҳо сари мансаб боқӣ монда буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...