Дар баробари афзоиши истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ нархи он низ боло меравад

Date:

Бо вуҷуди афзоиши назарраси ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҷумҳурӣ, нархи онҳо дурақама боло рафтанд.

Дар 11 моҳи соли 2019 тибқи маълумоти оморӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати хӯрокворӣ наздики 5 млрд. сомонӣ (($515 млн.)-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,5% ва ё 588,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, ҳиссаи саноати хӯрокворӣ дар маҷмӯъи маҳсулоти саноатӣ 20,1%-ро ташкил дода, қариб ба 35%-и маҳсулоти саноати коркарди ҷумҳурӣ баробар мебошад.

Гуфта мешавад, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ хӯрокворӣ асосан аз ҳисоби зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ – 27,3%, коркарди намаки ошӣ – 24,8%, нӯшокиҳои беспирт – 20,8%, истеҳсоли гӯшт – 21,6%, маҳсулоти шири холис – 4,3, нон ва маҳсулоти нонӣ – 1,2%, маҳсулоти ҳасибӣ – 13,3%, истеҳсол ва бастабандии равғани рустанӣ – 16,6%, консерваҳои меваю сабзавот – 13%, меваи хушк – 16% ба вуҷуд омадааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Агентии омор, арзиши маҳсулоти хӯрокворӣ тайи соли охир ба андозаи 10,1% боло рафтааст.

Бештар нархи гӯшт (22,6%), маҳсулоти нонӣ (17,5%), сабзавот (12,7%), шир ва маҳсулоти ширӣ (3,3%), тухм (1,9%) ба таври назаррас боло рафт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...