Лоиҳаи “Спитамен Бонк” ва “Альфа Банк” оид ба интиқоли пул

“Спитамен Бонк” ва “Альфа Банк” лоиҳаи муштаракро оид ба ворид кардани маблағ ба корти бонкии низоми миллии пардохти Корти Миллӣ ба ҳама гуна бонкҳо ва кортҳои низомҳои байнулмилалии UnionPay ва VISA, ки аз ҷониби “Спитамен Бонк” бароварда шудааст, тариқи замимаи “Альфа-Банк”-и Русия роҳандозӣ карданд. Дар робита ба афзоиши талаботи интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон, […]

“Спитамен Бонк” ва “Альфа Банк” лоиҳаи муштаракро оид ба ворид кардани маблағ ба корти бонкии низоми миллии пардохти Корти Миллӣ ба ҳама гуна бонкҳо ва кортҳои низомҳои байнулмилалии UnionPay ва VISA, ки аз ҷониби “Спитамен Бонк” бароварда шудааст, тариқи замимаи “Альфа-Банк”-и Русия роҳандозӣ карданд.

Дар робита ба афзоиши талаботи интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон, “Спитамен Бонк” фаъолона хизматгузориҳои нави дорои технологияҳои муосирро ҷорӣ сохта, бо бонкҳои пешрафтаи Русия ҳамкорӣ ба роҳ мемонад.

Шарики навбатии “Спитамен Бонк” дар амалисозии лоиҳа оид ба ворид кардани маблағҳо ба кортҳои бонкӣ “Альфа-Банк” шуд, ки аз рӯйи ҳаҷми дороиҳо, сармояи муштарак, сандуқҳои қарз ва амонат яке аз ниҳодҳои молиявии бузургарини хусусии Русия ба шумор меравад.

Дорандагони кортҳои бонкии низоми миллии пардохти Корти миллии ҳама гуна бонки Тоҷикистон ва кортҳои низомҳои байнулмилалии UnionPay ва VISA, ки аз ҷониби “Спитамен Бонк” бароварда шудааст, тавассути замимаи “Альфа-Банк” (Русия) пулҳои интиқолёфтаро дастрас карда метавонанд.

Зимни интиқоли пул ҳаққи хизматрасонӣ (комиссия) ситонида намешавад. Гузаронидани пул бо рубли русӣ ва мубодилаи минбаъда, гузаштан ба корт бо пули миллӣ (сомонӣ) дар реҷаи вақти воқеӣ сурат мегирад. Маблағи ҳадди ниҳоии як интиқоли пул 15 000 рублро ташкил дода, шумори транзаксияҳо бемаҳдуд аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.