Футбол – 2019. Тоҷикистон дар зинаи 121-уми рейтинги ФИФА

Asia-Plus

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон соли 2019-ро дар зинаи 121-уми рейтинги Федератсияи байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) ба охир расонид.

Дар торнамои расмии ФИФА шакли охирини раддабандии дастаҳои мунтахаби футболи ҷаҳон нашр шуд. Тоҷикистон имсол бо касби 1152 имтиёз дар зинаи 121-ум қарор гирифт.

Дар панҷгонаи аввали раддабандии ҷаҳонӣ мунтахабҳои зерин ҷойгиранд: 1. Белгия – 1765 имтиёз; 2. Фаронса – 1733, 3; Бразилия – 1712; 4. Англия – 1661; 5. Уругвай – 1645.

Бозиҳои охирини худро дар соли равон мунтахаби Тоҷикистон моҳи ноябр дар доираи мусобиқаи даври интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 бо тимҳои Мянма (3:4) ва Қирғизистон (1:1) баргузор кард.

Мунтахаби Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев соли 2019 ҳамагӣ 12 бозӣ гузаронид: 5 вохӯрӣ дар мусобиқаи даври интихобии ЧҶ-2022, 3 бозии дӯстона ва 4 вохӯрӣ дар доираи мусобиқаи «Hero InterContinental Cup 2019» дар Ҳиндустон.

Натиҷаи бозиҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон дар соли ҷорӣ: 4 ғалаба (Ҳиндустон – 4:2, Сурия – 2:0, Қирғизистон – 1:0, Муғулистон – 1:0); 2 мусовӣ (Афғонистон – 1:1, Қирғизистон – 1:1) ва 6 бохт (Чин – 0:1, Кореяи Шимолӣ – 0:1, 0:1, Ҷопон – 0:3, Малайзия – 0:1, Мянма – 3:4). Таносуби тӯбҳои мунтахаби Тоҷикистон дар ин 12 бозии соли 2019 баробар – 12:12 мебошад.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишвар аз рӯйи натоиҷи дастаи мунтахаби миллӣ дар давраи 4 сол дода мешавад.

Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...