Футбол – 2019. Тоҷикистон дар зинаи 121-уми рейтинги ФИФА

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон соли 2019-ро дар зинаи 121-уми рейтинги Федератсияи байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) ба охир расонид. Дар торнамои расмии ФИФА шакли охирини раддабандии дастаҳои мунтахаби футболи ҷаҳон нашр шуд. Тоҷикистон имсол бо касби 1152 имтиёз дар зинаи 121-ум қарор гирифт. Дар панҷгонаи аввали раддабандии ҷаҳонӣ мунтахабҳои зерин ҷойгиранд: 1. Белгия – 1765 имтиёз; […]

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон соли 2019-ро дар зинаи 121-уми рейтинги Федератсияи байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) ба охир расонид.

Дар торнамои расмии ФИФА шакли охирини раддабандии дастаҳои мунтахаби футболи ҷаҳон нашр шуд. Тоҷикистон имсол бо касби 1152 имтиёз дар зинаи 121-ум қарор гирифт.

Дар панҷгонаи аввали раддабандии ҷаҳонӣ мунтахабҳои зерин ҷойгиранд: 1. Белгия – 1765 имтиёз; 2. Фаронса – 1733, 3; Бразилия – 1712; 4. Англия – 1661; 5. Уругвай – 1645.

Бозиҳои охирини худро дар соли равон мунтахаби Тоҷикистон моҳи ноябр дар доираи мусобиқаи даври интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 бо тимҳои Мянма (3:4) ва Қирғизистон (1:1) баргузор кард.

Мунтахаби Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев соли 2019 ҳамагӣ 12 бозӣ гузаронид: 5 вохӯрӣ дар мусобиқаи даври интихобии ЧҶ-2022, 3 бозии дӯстона ва 4 вохӯрӣ дар доираи мусобиқаи «Hero InterContinental Cup 2019» дар Ҳиндустон.

Натиҷаи бозиҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон дар соли ҷорӣ: 4 ғалаба (Ҳиндустон – 4:2, Сурия – 2:0, Қирғизистон – 1:0, Муғулистон – 1:0); 2 мусовӣ (Афғонистон – 1:1, Қирғизистон – 1:1) ва 6 бохт (Чин – 0:1, Кореяи Шимолӣ – 0:1, 0:1, Ҷопон – 0:3, Малайзия – 0:1, Мянма – 3:4). Таносуби тӯбҳои мунтахаби Тоҷикистон дар ин 12 бозии соли 2019 баробар – 12:12 мебошад.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишвар аз рӯйи натоиҷи дастаи мунтахаби миллӣ дар давраи 4 сол дода мешавад.

Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.