Лоиҳаи “Спитамен Бонк” ва “Альфа Банк” оид ба интиқоли пул

Asia-Plus

“Спитамен Бонк” ва “Альфа Банк” лоиҳаи муштаракро оид ба ворид кардани маблағ ба корти бонкии низоми миллии пардохти Корти Миллӣ ба ҳама гуна бонкҳо ва кортҳои низомҳои байнулмилалии UnionPay ва VISA, ки аз ҷониби “Спитамен Бонк” бароварда шудааст, тариқи замимаи “Альфа-Банк”-и Русия роҳандозӣ карданд.

Дар робита ба афзоиши талаботи интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон, “Спитамен Бонк” фаъолона хизматгузориҳои нави дорои технологияҳои муосирро ҷорӣ сохта, бо бонкҳои пешрафтаи Русия ҳамкорӣ ба роҳ мемонад.

Шарики навбатии “Спитамен Бонк” дар амалисозии лоиҳа оид ба ворид кардани маблағҳо ба кортҳои бонкӣ “Альфа-Банк” шуд, ки аз рӯйи ҳаҷми дороиҳо, сармояи муштарак, сандуқҳои қарз ва амонат яке аз ниҳодҳои молиявии бузургарини хусусии Русия ба шумор меравад.

Дорандагони кортҳои бонкии низоми миллии пардохти Корти миллии ҳама гуна бонки Тоҷикистон ва кортҳои низомҳои байнулмилалии UnionPay ва VISA, ки аз ҷониби “Спитамен Бонк” бароварда шудааст, тавассути замимаи “Альфа-Банк” (Русия) пулҳои интиқолёфтаро дастрас карда метавонанд.

Зимни интиқоли пул ҳаққи хизматрасонӣ (комиссия) ситонида намешавад. Гузаронидани пул бо рубли русӣ ва мубодилаи минбаъда, гузаштан ба корт бо пули миллӣ (сомонӣ) дар реҷаи вақти воқеӣ сурат мегирад. Маблағи ҳадди ниҳоии як интиқоли пул 15 000 рублро ташкил дода, шумори транзаксияҳо бемаҳдуд аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...