Як соли шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Asia-Plus

Як сол пеш – рӯзи 19-уми декабр раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қонун “Дар бораи тасвиби Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро имзо кард.

Сарони ду кишвар Аҳднома оид ба шарикии стратегиро 17-уми августи соли 2018 дар ҷараёни нахустин сафари давлатии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон имзо карда буданд.

Зимнан сарони давлатҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ин Аҳднома барои рушд ва таҳкими минбаъдаи ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстона, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории байни ду давлат ва мардум, инчунин барои сулҳу субот ва рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ хидмат хоҳад кард.

Дар ин муддат як қатор масоили дуҷониба ҳалли худро ёфтанд – беш аз 192 км сарҳадоти муштарак таъин ва аломатгузорӣ шуда, интиқоли бору коло тавассути қаламрави ҳамдигар беҳтар гардид ва гардиши савдо афзоиш ёфт.

Беҳбуди назарраси муносибатҳои байнидавлатӣ боиси хушнудии сокинони ду сӯйи марз гардида, равуои шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ҳамсоякишвар бамаротиб афзуд.

Раванди инкишофи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар хатти замонии зер (Timeline) саҳифагардон карда метавонед:

Агар солҳои пеш барои рӯзноманигорони тоҷик рафтан ба Ӯзбекистон кори саҳлу содда набуд, ҳоло дигар ин воқеияти рӯзҳои мо шудааст.

Тобистони соли ҷорӣ боздиди расонаии сарварону сармуҳаррирони ВАО ва созмонҳои рӯзноманигорӣ, инчунин роҳбарони студияи истеҳсолӣ ва оҷонсии рекламавӣ баргузор шуд. Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри XXI» барои 12 нафар иштирокдорон аккредитатсияи муваққатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дастрас кард.

Боздид аз корхонаҳои азими саноатӣ, шиносоӣ бо пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ, роҳандозии ҳамкорӣ бо рӯзноманигорони ӯзбекистонӣ, дидору гуфтугӯ бо намояндагони Марказҳои миллию фарҳангии тоҷикон дар шаҳрҳои Тошканду Бухоро ва Самарқанд аз ҷумлаи барномаи сафар буданд.

Сафарномаи чандрасонаиро дар ин матлаби фарогир дидаву шунидаву хонда метавонед – http://uztaj.tilda.ws/presstour

Ҳамсоядорӣ. Сафари пур аз хотирот ба Ӯзбекистон

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViber

Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...