Як соли шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Як сол пеш – рӯзи 19-уми декабр раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қонун “Дар бораи тасвиби Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро имзо кард. Сарони ду кишвар Аҳднома оид ба шарикии стратегиро 17-уми августи соли 2018 дар ҷараёни нахустин сафари давлатии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон имзо карда буданд. Зимнан сарони давлатҳо изҳори боварӣ намуданд, […]

Як сол пеш – рӯзи 19-уми декабр раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қонун “Дар бораи тасвиби Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро имзо кард.

Сарони ду кишвар Аҳднома оид ба шарикии стратегиро 17-уми августи соли 2018 дар ҷараёни нахустин сафари давлатии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон имзо карда буданд.

Зимнан сарони давлатҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ин Аҳднома барои рушд ва таҳкими минбаъдаи ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстона, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории байни ду давлат ва мардум, инчунин барои сулҳу субот ва рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ хидмат хоҳад кард.

Дар ин муддат як қатор масоили дуҷониба ҳалли худро ёфтанд – беш аз 192 км сарҳадоти муштарак таъин ва аломатгузорӣ шуда, интиқоли бору коло тавассути қаламрави ҳамдигар беҳтар гардид ва гардиши савдо афзоиш ёфт.

Беҳбуди назарраси муносибатҳои байнидавлатӣ боиси хушнудии сокинони ду сӯйи марз гардида, равуои шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ҳамсоякишвар бамаротиб афзуд.

Раванди инкишофи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар хатти замонии зер (Timeline) саҳифагардон карда метавонед:

Агар солҳои пеш барои рӯзноманигорони тоҷик рафтан ба Ӯзбекистон кори саҳлу содда набуд, ҳоло дигар ин воқеияти рӯзҳои мо шудааст.

Тобистони соли ҷорӣ боздиди расонаии сарварону сармуҳаррирони ВАО ва созмонҳои рӯзноманигорӣ, инчунин роҳбарони студияи истеҳсолӣ ва оҷонсии рекламавӣ баргузор шуд. Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри XXI» барои 12 нафар иштирокдорон аккредитатсияи муваққатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дастрас кард.

Боздид аз корхонаҳои азими саноатӣ, шиносоӣ бо пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ, роҳандозии ҳамкорӣ бо рӯзноманигорони ӯзбекистонӣ, дидору гуфтугӯ бо намояндагони Марказҳои миллию фарҳангии тоҷикон дар шаҳрҳои Тошканду Бухоро ва Самарқанд аз ҷумлаи барномаи сафар буданд.

Сафарномаи чандрасонаиро дар ин матлаби фарогир дидаву шунидаву хонда метавонед – http://uztaj.tilda.ws/presstour

Ҳамсоядорӣ. Сафари пур аз хотирот ба Ӯзбекистон

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViber

Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.