Ҷиноятҳои дуздӣ: аз 700 ҳазор сомонӣ то мошину гов

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Рӯзҳои охир кормандони умури дохилӣ ҷиноятҳои дуздии 700 ҳазор сомонӣ ва мошину говро дар манотиқи гуногуни кишвар ошкор кардаанд.

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи марди 28-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ворид шудаст, ки аз 17 ба 18-уми декабр шахсони номаълум дар кӯчаи Деҳотии пойтахт бо роҳи пинҳонӣ тирезаи ақиби автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс»-ро шикаставу аз дохилаш 700 000 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Бино ба иттилои ВКД, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия як ҷавони 20-солаи сокини кӯчаи К.Сеткинаи шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷинояти дуздӣ боздошт шудааст.

Ҳамчунин ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 75-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Румӣ муроҷиат кардааст, ки 19-уми декабр шахсони номаълум автомашинаи шахсиаш тамғаи «Нексия»-ро, ки дар кӯчаи Фирдавсии пойтахт беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда, ба самти номуайян бурдаанд.

Кормандони милитсия як ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри Кӯлобро бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт бидуни мақсади тасарруф дастгир кардаанд.

Ба ШВКД дар ноҳияи Балҷувон марди 41-солаи сокини деҳаи Зарнисори ноҳияи мазкур муроҷиат кардааст, ки моҳи равон шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи деҳаашон 3 сар чорвои калони шохдор, ки арзиши онҳо 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ду марди 29 ва 35-солаи сокинони деҳаи Зарнисор бо гумони дуздии чорвои мазкур дастгир карда шуданд.

Ба ШВКД дар шаҳри Истаравшан низ марди 61-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гули Сурхи ҳамин шаҳр бо ариза муроҷиат кардааст, ки 17-уми декабри соли 2019 шахсони номаълум аз болои мизи савдояш, воқеъ дар бозори марказии шаҳри Истаравшан 9 ҳазору 700 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Кормандони милитсия зани 23-солаи сокини Истаравшанро бо гумони даст доштан дар ин кирдори дуздӣ боздошт кардаанд.

Аз рӯйи ин ҳодисаҳо тафтишот идома доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...