Алишер Ҷалилов беҳтарин футболбози сол дониста шуд

Нимҳимоятгари дастаи “Итсиқлол”-и Душанбе ва мунтахаби футболи Тоҷикистон Алишер Ҷалилов беҳтарин футболбози Тоҷикистон дар соли 2019 дониста шуд. Тавре Федератсияи футболи ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, маросими тақдими ҷоизаҳо рӯзи 21-уми декабр дар “Кохи Суруш”-и пойтахт доир гардид. Ба унвони беҳтарин бозигари сол 3 нафар – дарвозабони «Истиқлол» Рустам Ятимов, нимҳимоятгари ин даста Алишер Ҷалилов, инчунин собиқ капитани […]

Нимҳимоятгари дастаи “Итсиқлол”-и Душанбе ва мунтахаби футболи Тоҷикистон Алишер Ҷалилов беҳтарин футболбози Тоҷикистон дар соли 2019 дониста шуд.

Тавре Федератсияи футболи ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, маросими тақдими ҷоизаҳо рӯзи 21-уми декабр дар “Кохи Суруш”-и пойтахт доир гардид.

Ба унвони беҳтарин бозигари сол 3 нафар – дарвозабони «Истиқлол» Рустам Ятимов, нимҳимоятгари ин даста Алишер Ҷалилов, инчунин собиқ капитани тими «Хуҷанд» Ҷаҳонгир Эргашев довталабӣ мекарданд.

Дарвозабон Рустам Ятимов («Истиқлол»), ҳимоягар Давронҷон Эргашев («Хуҷанд»), нимҳимоягар Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»), ҳамлагар Шериддин Бобоев («Истиқлол») бозигарони беҳтарини Лигаи олии футболи мамлакат эълон гардиданд. Виталий Левченко (“Хуҷанд”) сармураббии беҳтарин ва Насрулло Кабиров (Норак) довари беҳтарини сол эътироф  шуданд.

Гуфта мешавад, дар ин маросим ба футболбозони беҳарини Лигаҳои наврасон ва занон, мусобиқаи чемпионати футзал, Лигаҳои якум ва ҷавонон, ҳамчунин собиқадорони футболи кишвар ҷоизаву мукофотҳо тақдим шуданд.

Мо чанде қабл дар Рӯзи ҷаҳонии футбол тасмим гирифтем, ки мунтахаби Тоҷикистонро бо шумули бозигарони беҳтарин дар солҳои соҳибистиқлолӣ муайян кунем.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.