Президент ба бунёди токзори нави “Пешвои миллат” оғоз бахшид

Рӯзи 21-уми декабр раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Хуросон боздид карда, ба бунёди 150 гектар токзори нав оғоз бахшид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, токзори навро саҳмдорони хоҷагии фермерии ноҳия бо мақсади афзудани ҳаҷми содироти ангур ба хориҷи кишвар дар асоси тавсияи мутахассисони соҳаи боғутокпарварӣ ташкил кардаанд. Гуфта мешавад, ангурбоғ бо истифода аз таҷрибаи […]

Рӯзи 21-уми декабр раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Хуросон боздид карда, ба бунёди 150 гектар токзори нав оғоз бахшид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, токзори навро саҳмдорони хоҷагии фермерии ноҳия бо мақсади афзудани ҳаҷми содироти ангур ба хориҷи кишвар дар асоси тавсияи мутахассисони соҳаи боғутокпарварӣ ташкил кардаанд.

Гуфта мешавад, ангурбоғ бо истифода аз таҷрибаи бойи токпарварони шаҳри Турсунзода, аз ҷумла, роҳбари хоҷагии “Ватан” Неъмат Усмонов бунёд мешавад. Дар вақти омода кардани замин ва шинондани ниҳол тавсияи таҷрибадорон пурра ба инобат гирифта шудааст ва минбаъд низ нигоҳубин ва парвариши ток дар асоси маслиҳатҳои онҳо ба роҳ монда мешавад.

Барои таъмини токзор бо оби полезӣ аз пойгоҳи обкашии “Табиат-2” ба масофаи қариб 3,5 километр хати алоҳидаи оби полезӣ кашида шудааст. Дар ин замина масъулони Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ пойгоҳи мавҷударо пурра аз таъмир бароварда, ҳамчунин ду агрегати нав васлу насб кардаанд.

Дар асоси нишондоди олимони соҳаи боғу токпарварӣ, ин токзори нав баъди се-чор сол аз 4,5 то 5 ҳазор тонна ҳосил хоҳад дод.

“Барои арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи кишоварзӣ, бахусус, боғутокпарварӣ токзори навбунёд “Пешвои миллат” номгузорӣ шуд”, – қайд мешавад дар хабари хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.