Имкони дар 2 рӯз аз бонкҳо гирифтани пулҳои фиристода аз Тоҷикистон тариқи “Золотая корона”

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки маблағҳои интиқолиашонро аз Тоҷикистон тавассути низоми “Золотая корона” фиристода буданд, метавонанд онро аз бонкҳои ҷумҳурӣ бозпас гиранд.

Тавре шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, шаҳрвандоне, ки маблағҳои интиқолиашонро аз Тоҷикистон тавассути низоми “Золотая корона” фиристода буданд, метавонанд рӯзҳои 24-25 декабри соли 2019 (дар давоми ду рӯз) аз ташкилотҳои қарзии кишвар бозхонд карда гиранд.

“Ҳамзамон маблағҳои интиқолие, ки тавассути “Золотая Корона” дар дохили кишвар анҷом дода шудааст (аз як ноҳия ба ноҳияи дигар), ба шаҳрвандон баргардонида мешаванд”, – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, ташкилотҳои қарзиро зарур аст, муштариёни худро, ки чунин интиқолҳоро тавассути низоми “Золотая Корона” анҷом додаанд, оид ба бозхонд ва баргардонидани интиқолҳояшон хабардор карда, дар ҳолати зарурат барои аз нав интиқол додани маблағҳои гирифташуда тавассути низомҳои пардохтии “Контакт” ва “Юнистрим”, ё кортҳои интиқолӣ мусоидат бикунанд.

“Дар ҳолати ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудан, шаҳрвандон метавонанд дар хориҷи кишвар, бевосита ба НП “Золотая корона” бо рақами +7 (495) 96 00 555 (шабонарӯзӣ); намояндагии он дар Тоҷикистон бо рақами +992 90 888 80 80 муроҷиат намоянд”, – қайд мешавад дар хабари БМТ.

Дар сурати ҳал нашудани муроҷиат ё таъмин нагардидани пардохти маблағи интиқолшуда, шаҳрвандон метавонанд бо рақамҳои (44)-600-15-20, (44)-600-28-63 ва ё почтаи электронии [email protected] ба Идораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ба таври фаврӣ муроҷиат кунанд.

Ёдовар мешавем, ки аз 3-юми декабр Бонки миллии Тоҷикистон ба фаъолияти Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоб оғоз бахшид.

Айни замон интиқоли маблағ танҳо тавассути низомҳои “Юнистрим” ва “Контакт” имконпазир аст. Бар асари муроҷиати шумори зиёди мизоҷон барои фиристодан ё гирифтани пул, дар кори ин низомҳо баъзан  нуқсон пайдо мешавад.

Низоми “Золотая корона” пайваст шудан ба Маркази миллии протссесингиро рад карда, амали худро бо он асоснок намуд, ки ин тартиботи нав бар хилофи қонунгузории Русия аст.

Дар ҳамин ҳол, БМТ борҳо даъват кард, ки пулҳои тариқи низоми “Золотая корона” фиристода бозхонд ва аз истифодаи ин низом, ки бо тартиби пешина беш аз 80%-и ин бозорро дар даст дошт,  худдорӣ варзида шавад.

Қаблан Бонки миллӣ хабар дода буд, ки бо дигар низомҳо низ гуфтушунид ҷараён дошта, то 20-уми декабр “Вестерн Юнион” ба марказ пайваст мешавад. Дар Бонки миллӣ эътироф карданд, ки алҳол “мушкилоти техникӣ” вуҷуд дошта, “ба наздикӣ он бартараф мешавад”. Аммо то ҳол низоми “Вестерн Юнион” ба кор надаромадааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...