Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Дар “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷараён дорад. Дар ин намоишгоҳ ширкатҳои истеҳсолӣ ва фаъолони иқтисодии Эрон дар бахшҳои истеҳсолӣ, саноати хӯрокворӣ, беҳдошту дармон, мошинолоти кишоварзӣ, масолеҳи сохтмонӣ, хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ, қолин ва таҷҳизоти манзил, сайёҳӣ ва ғайра иштирок доранд.

– Агар донистанӣ бошед, ки дар ин ҳафта чӣ гуна чорабиниҳои солинавӣ баргузор мешаванд, ба эълони мо назар андозед.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА – 9.6919 сомонӣ;

1 евро – 10.7541 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1553 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1959 – Дар фурудгоҳи Сталинобод нахустин ҳавопаймои ИЛ-18 фуруд омад.

2011 – Ширкати «Тоҷик Эйр» бори нахуст дар ИДМ ба истифодаи ҳавопаймоҳои тамғаи МА-60 оғоз кард.

2018 – Шоҳмотбози тоҷик Фаррух Амонатов дар мусобиқаи байнулмилалии шоҳмот дар Чили зинаи 3-юмро ишғол кард. Бо суроғаи зерин дар бораи чаро дар Тоҷикистон мавҷуд будани ҳамагӣ як гроссмейстери шоҳмот маълумоти муафассал дарёфт карда метавонед.

1910 – Мавлуди шоири русзабони Тоҷикистон Николай Лесной.

1953 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҷумъахон Сироҷев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои қисман абрнок, бе боришоти назарррас (0-0,5мм), дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона 2+7° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10° хунук, рӯзона -3+2° мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои қисман абрнок, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -2+3°, рӯзона 10+15° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0-5° хунук, рӯзона 2+7° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои қисман абрнок, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 5-10 хунук, рӯзона -4+1°, дар шарқи вилоят шабона ҳарорати ҳаво 15-20° хунук, рӯзона 7-12° хунук мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -4+1°, рӯзона 7+12° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10° хунук, рӯзона -3+2° мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, тумани суст мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 0-2° хунук, рӯзона 8+10° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои қисман абрноки бебориш, тумани суст мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 1-3° хунук, рӯзона 3+5° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои қисман абрноки бебориш, тумани суст мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 1+3° гарм, рӯзона 12+14° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 7-9° хунук, рӯзона 0-2° хунук мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...