Мусодираи беш аз 194 кило шираи камол аз сокини ноҳияи Рӯдакӣ

Asia-Plus

Кормандони милитсия дар хонаи сокини деҳаи Пистамазори ноҳияи Рӯдакӣ 6 адад зарфҳои 20-литра ва 2 адад селофани полиэтиленӣ бо шираи камолро дарёфт ва мусодира карданд.

Тавре маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, мувофиқи маълумотномаи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ маводи мазкур “шираи камол” буда, вазни холисаш 194 килограмму 120 граммро ташкил медиҳад.

Аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 234 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Ғайриқонунӣ буридани дарахт ва буттаҳо) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад. Мувофиқи ин модда ӯ дар ҳаҷми 58 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуда метавонад.

Аз соли 2013 тибқи қонунгузориии Тоҷикистон ҷамъоварии шираи камол манъ шудааст. Дар моддаи 234, иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ кардан, коркард, истеҳсоли доруворӣ, нигоҳ доштан, интиқол ё ба соҳибияти каси дигар додани шираи камол ба маблағи 58 ҳазор сомонӣ ҷарима ё маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 5 сол ҷазо пешбинӣ шудааст. Дар ҳамин ҳол, миқдори ниҳоят зиёди шираи камол беш аз 10 кило муқаррар шудааст.

Камол рустании бисёрсола буда, дарозии пояаш то 3 метр мерасад. Решаааш ғафси сергӯшт, пояаш дарунковок. Гулаш зард ё зарди сафедча, тухмаш байзашакл буда, аз ду нима иборат аст. Дар вақти буридани решааш зифт (шира) ҳосил мекунанд, ки бӯйи сир дошта, мазааш турш аст.

Дар Тоҷикистон қариб 40 намуди камол маълум аст. Дар тиб доруҳои аз камол ҳосилшударо барои табобати бемориҳои дил, меъда, истерия, неврозҳо, сил, илтиҳоби ғадудҳои лимфагузар истифода мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...