Раисҷумҳури Тоҷикистон: “Ҳадафи асосӣ дар соли оянда таъмини ҳаёти шоиста ба аҳолӣ боқӣ мемонад”

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имрӯзаи худ ба парлумон изҳор дошт, ки ҳадафи асосии ҳукумат дар соли оянда таъмини зиндагии шоиста ба аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум боқӣ мемонад. Сарвари давлат қайд кард, ки барномаи пешазинтихоботии ӯ, ки дар интихоботи президентии тирамоҳи соли 2013 қабул шуда буд, имрӯз ба иҷро расидааст. “Соли […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имрӯзаи худ ба парлумон изҳор дошт, ки ҳадафи асосии ҳукумат дар соли оянда таъмини зиндагии шоиста ба аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум боқӣ мемонад.

Сарвари давлат қайд кард, ки барномаи пешазинтихоботии ӯ, ки дар интихоботи президентии тирамоҳи соли 2013 қабул шуда буд, имрӯз ба иҷро расидааст.

“Соли равон сатҳи афзоиши воқеии ММД-и Тоҷикистон 7,5%-ро ташкил дода, ҳукуматро лозим аст, ки афзоиши онро дар соли оянда дар сатҳи 7,8% таъмин кунад”, – гуфт ӯ.

Вай афзуд, ки айни замон шумори аҳолии Тоҷикистон ба зиёда аз 9,5 млн. нафар ва давомнокии умр ба ҳисоби миёна ба 75 сол расидааст.

Раисҷумҳур изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон ба кормандони соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва соҳибкорон ҳудуди 30 имтиёзу сабукиҳо дар пардохти андоз пешниҳод шудааст, ки тайи ду соли охир ба буҷет аз ин ҳисоб беш аз 15 млрд. сомонӣ камтар маблағ ворид шуд.

Дар ҳамин ҳол, сарвари давлат таъкид дошт, ки санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ дар зарфи 2 сол 6 маротиба камтар шудааст.

“Танҳо аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон давоми солҳои 2013-2019 ба маблағи умумии 13,2 млрд. сомонӣ 80 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ гардида, соли 2020 ҳукумат ният дорад, ки ба маблағи 3,8 млрд. сомонӣ 20 лоиҳаи нави сармоягузориро татбиқ кунад”, – гуфт раисҷумҳур.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.