Эмомалӣ Раҳмон: Ба сармоягузорон лоиҳаҳои мушаххас пешниҳод кардан лозим аст

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба таъсиси сохтори нав дастур дод, ки ба таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ машғул мешавад. “Дар назди КВД “Тоҷинвест”-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо ҷалби мутахассисони дохиливу хориҷӣ воҳиди алоҳидаи қарордодӣ таъсис дода шавад”, – дастур дод сарвари давлат ба мақомоти дахлдор имрӯз, 26-уми декабр зимни ироаи паём ба парлумон. Ӯ шарҳ дод, […]

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба таъсиси сохтори нав дастур дод, ки ба таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ машғул мешавад.

“Дар назди КВД “Тоҷинвест”-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо ҷалби мутахассисони дохиливу хориҷӣ воҳиди алоҳидаи қарордодӣ таъсис дода шавад”, – дастур дод сарвари давлат ба мақомоти дахлдор имрӯз, 26-уми декабр зимни ироаи паём ба парлумон.

Ӯ шарҳ дод, ки вазифаи асосии ин воҳиди сохторӣ омода кардани лоиҳаҳо доир ба пешниҳоди захираву имкониятҳои фаровони Тоҷикистон, аз ҷумла, дар самти омӯзиш ва истихроҷу коркарди ашёи хом, яъне сарватҳои зеризаминӣ мебошад.

Президент гуфт: “Дар мо то ҳоло ин чиз вуҷуд надорад. Ҳол он ки дар назди ҳар як вазорату идораҳои Тоҷикистон пажӯҳишгоҳҳои махсуси лоиҳакашӣ мавҷуданд”.

Ба гунаи мисол ӯ таъкид дошт, ки “пажӯҳишгоҳи назди Вазорати нақлиёти ҶТ соли чорум аст, ки лоиҳаи бунёду таҷдиди роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷро дуруст лоиҳакашӣ ва пешниҳод карда наметавонад”.

Сарвари давлат зикр кард, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ “зиёда аз 600 адад конҳои захираҳои минералӣ эҳё шуда, аммо фақат ному дигар чизе нест”. Вай афзуд, ки лоиҳаҳои мушаххас барои пешниҳод ба сармоягузорон омода нестанд.

Ӯ бар ин назар аст, ки ба ҷойи дар вохӯриҳои корӣ дар бораи бойигариҳои кишвар маълумот додан, ба сармоягузорон лоиҳаҳои мушаххас пешниҳод кардан зарур аст.

Ҳамчунин президент ба мақомоти дахлдор дастур дод, ки барои беҳбуди малакаҳои соҳибкорон дар самти таҳияи лоиҳаҳои тиҷоратӣ тадбирҳо андешида шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.