Аз мардумфиребӣ то муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Кормандони милитсияи пойтахт як ҷавонро барои мардумфиребӣ дастгир кардаанд, ки худро маъюб вонамуд карда, аз ронандагону раҳгузарон талбандагӣ мекард. Ҳамчунин якчанд донишҷӯ барои муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ боздошт шудаанд.

Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ин ҷавон Алихон Ҳайитови 22-сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ буда, бо нишон додани ҳолати ҳузнангезу маъюбии худ ба роҳи мошингузар баромада, вазъияти хатарнокро ба вуҷуд меоварду машғули ин кор мешуд.

https://www.youtube.com/watch?v=ORQPFnCKfgo

Чунончи аз тамошои видео бармеояд, номбурда то ба дараҷае худро моҳирона маъюб нишон медиҳад, ки дар дили ронандагону роҳгузарон эҳсоси раҳму шафқатро ба вуҷуд меорад ва онҳо ба ӯ дасти кумак дароз мекунанд.

Қаблан ҳам аз ҷониби мақомоти ҳифзи тартиботи ҷамъиятии пойтахт як нафар чунин мардумфиребро дастгир карда буданд, ки ӯ низ дорои ҷисми солиму бозӯи нерӯманд буд, вале худро маъюб вонамуд карда, бо барангехтани раҳму шафқат ва эҳсоси инсондустӣ дар дили шаҳрвандон маблағ ҷамъоварӣ мекард. Дар нисбати ӯ чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шуданд.

Ҳамзамон кормандони милитсияи шаҳри Душанбе вобаста ба пешгирии муомилоту истифодаи маводи тарфгарӣ якчанд нафарони машғули ин амалро ба ҷавобгарӣ кашидаанд.

Рӯзи 24-уми декабр зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрвандон Ҳоҷибобо Шарифов, соли таваллудаш 1998, донишҷӯйи соли 3-юми Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон, Шероз Холматов, соли таваллудаш 1999, донишҷӯйи соли 3-юми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ, Шералӣ Холматов, соли таваллудаш 2000, донишҷӯйи соли 2-юми ҳамин донишгоҳ ва Далер Зокиров, соли таваллудаш 1999, донишҷӯйи соли 3-юми донишгоҳи мазкур дастгир шуданд. Онҳо бо мақсади фурӯш миқдори зиёди маводи пиротехникиро аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе интиқол додаанд.

Зимни кофтуков аз номбурдагон 4 қуттӣ бо миқдори умумии 30 ҳазор дона маводи тарфгарӣ бо навиштаҷоти «Трения» дарёфту мусодира карда шуд.

Нисбат ба онҳо тибқи талаботи моддаи 199 иловаи 1 КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Маврид ба зикр аст, ки мувофиқи талаботи моддаи мазкур ба ҳудуди Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол кардан, нигоҳ доштан, фурӯхтан, ба соҳибияти каси дигар додан ва истифода бурдани маводи тарфгарӣ манъ буда, нисбат ба чунин шаҳрвандони ҷарима ба андозаи аз 100 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то 2 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Аз аввали моҳи декабр то имрӯз зиёда аз 400 ҳазор дона маводи гуногуни тарфгарӣ мусодира шудааст.

https://www.youtube.com/watch?v=ZoJ3emt9p9o

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...