Раисҷумҳур ба Мактаб-интернати кӯдакони ношунаво 2 автобус тақдим кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 27-уми декабр аз Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ боздид карда, бо фаъолияти он шинос шуд. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, айни ҳол дар муассисаи мазкур 400 нафар аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Мактаб-интернат дорои 31 синфхонаи фаннӣ, кабинетҳои методӣ ва синфхонаи компютерӣ бо 22 адад компютер […]

Раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 27-уми декабр аз Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ боздид карда, бо фаъолияти он шинос шуд.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, айни ҳол дар муассисаи мазкур 400 нафар аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Мактаб-интернат дорои 31 синфхонаи фаннӣ, кабинетҳои методӣ ва синфхонаи компютерӣ бо 22 адад компютер мебошад. 

Китобхонаи таълимгоҳ бо 8200 нусха китоби таълимӣ таъмин буда, ҳамчунин наздик ба 3 ҳазор китоби бадеӣ барои мутолиа дастраси хонандагон аст. Китоби махсуси «Имову ишора» барои муҳассилини синфҳои аз 1 то 3 дастраси хонандагон мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин Мактаб-интернат таваҷҷуҳи хоса ба фаъолияти мутахассисон зоҳир гардида, наздик ба 60 нафар омӯзгорони соҳибтахассус, ки давраҳои махсуси бозомӯзиро гузаштаанд, ба тарбиятгирандагон дарс медиҳанд. Ҳамчунин 7 омӯзгори ношунаво низ ба дарсомӯзӣ машғуланд.

Давоми чанд соли охир Мактаб-интернати мазкур аз таъмиру тармими пурра бароварда шуда, хобгоҳи муассиса бо 400 кат ва шароити муосиру зарурӣ таъмин шудааст. Утоқи тиббӣ, ки барои муолиҷаи кӯдакон пешбинӣ гардидааст, бо 3 кати хоб таъмин буда, дар он дастгоҳҳои зарурии соҳавӣ васлу насб шудаанд. Нафароне, ки дар он ба муолиҷа фаро гирифта мешаванд, ба дорувории ройгон дастрасӣ доранд.

Ҳамчунин маҷлисгоҳ бо беш аз 300 ҷойи нишаст мавҷуд буда, хонандагон дар ошхона бо панҷ вақт хӯроки гарму серғизо таъмин мебошанд. Хонаи истироҳатӣ ва майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди Мактаб-интернат бунёд ёфта, ҳаммом барои кӯдакон ва дигар шароити зарурӣ муҳайё шудааст.

Зимни боздид раисҷумҳур ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернат туҳфаҳои идона тақдим карда, онҳоро бо фарорасии Соли нави мелодӣ таҳният гуфт. Сарвари давлат омӯзгоронро муваззаф кард, ки нисбат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернат ғамхору меҳрубон бошанд ва тамоми кӯшишро ба харҷ диҳанд, то хонандагон аз донишҳои муосир ҳамаҷониба бархурдор гарданд.

Президент ба хонандагони Мактаб-интернат барои сайру тамошо 2 автобус тақдим кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.