Туҳфаҳои солинавии президент ба сарбозони Қувваҳои мусаллаҳ

Ба ҳамаи ҳайати қатории ҷузъу том ва қисмҳои низомӣ, курсантҳои муассисаҳои таълимии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз номи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои солинавӣ тақдим мешаванд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ хабар доданд, танҳо дар қисмҳои низомии Вазорат беш аз 20 ҳазор нафар сарбозон туҳфа мегиранд. Ҳамчунин ба сарҳадбонон, сарбозони Гвардияи миллӣ, қӯшунҳои […]

Ба ҳамаи ҳайати қатории ҷузъу том ва қисмҳои низомӣ, курсантҳои муассисаҳои таълимии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз номи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои солинавӣ тақдим мешаванд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ хабар доданд, танҳо дар қисмҳои низомии Вазорат беш аз 20 ҳазор нафар сарбозон туҳфа мегиранд.

Ҳамчунин ба сарҳадбонон, сарбозони Гвардияи миллӣ, қӯшунҳои дохилӣ, воҳидҳои мудофиаи шаҳрвандӣ ва ҳолатҳои фавқулода, бригадаи қаровулии Вазорати адлияи Тоҷикистон аз номи сарвари давлат туҳфа дода мешавад. Он аз шириниҳою мева, консерву нӯшокиҳо иборат аст.

Комиссияе, ки бо фармони вазири мудофиа таъсис дода шудааст, бояд то 30-юми декабр расонидан ва тақдими туҳфаҳои солинавиро ба ҳамаи қисмҳои низомӣ дар минтақаҳо таъмин кунад. Ҳамчунин барои сарбозону афсарон дар саросари кишвар дастурхони идона ороста шуда, консерт ва дигар чорабинҳои фарҳангӣ гузаронида мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.