Баррасии нақшаи кори ҳукумат дар нимаи аввали соли 2020

Asia-Plus

Имрӯз, 30-юми декабр таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати  Тоҷикистон баргузор шуд. Дар он нақшаи кори ҳукумат дар нимсолаи якуми соли 2020 баррасӣ гардид.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба нақша аз тарафи вазорату идораҳо ва воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ дар маҷмуъ 36 масъала ва 18 банди чорабиниҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ пешниҳод шудааст.

Баъд аз баррасӣ нақшаи кори ҳукумат қабул гардид ва қарор қарда шуд, ки роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ҷиҳати омодагӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани чорабиниҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байнулмилалӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар бораи ҷараёни амалишавии Стратегияи миллии рушди маорифи ҶТ то соли 2020 ҳисоботи вазири маориф ва илм Нуриддин Саид шунида шуд. Таъкид гардид, ки стратегия бо мақсади рушди пурсамари соҳаи маориф дар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ ва бо назардошти шароиту дурнамои рушди мамлакат таҳия шудааст.

Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни ҶТ “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020” ва оид ба таҳияи нишондиҳандаҳои Буҷети давлатии ҶТ барои солҳои 2021-2023 ва лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021” гузориши вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода шунида шуд.

Дар кори маҷлис ҳамчунин лоиҳаҳои қонунҳои ҶТ “Дар бораи сайёҳӣ”, “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни ҶТ “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ”, Дар бораи Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дар бораи Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025, Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии ҶТ барои солҳои 2020-2022 баррасӣ шуданд.

Сарвари давлат ба роҳбарияти вазорату идораҳо ва сохторҳои марбута дастур дод, ки ҷиҳати татбиқи саривақтию босифати барномаву стратегияҳо ва супоришҳои ҳукумати ҶТ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Супоришҳо ҳамчунин вобаста ба татбиқи нишондодҳои паёми раисҷумҳур “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дода шуд.

Президент ҳамчунин таваҷҷуҳи аъзои ҳукуматро ба масъалаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар соли 2019, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, кабудизоркунӣ, сабзу хуррамгардонии муҳити зист ва расонидани кумакҳои моддӣ ба ятимону маъюбон ҷалб кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...