Дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ҷавонзани тоҷикро парронданд

Сухангӯйи раиси шаҳри Исфара Иқбол Илёсзода шоми 29-уми декабр дар саҳифаи фейсбукии худ навишт, ки аз тири оташфишон як сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ захмӣ шудааст. “Аз тири яроқи шикорӣ зани 24-солаи сокини деҳаи тоҷикнишин Тайиба Сафарова, ки барои гирифтани об аз хонааш баромада буд, захмӣ шудааст. Ба гуфтаи шоҳидон, оташ аз ҷониби хонаи сокини […]

Сухангӯйи раиси шаҳри Исфара Иқбол Илёсзода шоми 29-уми декабр дар саҳифаи фейсбукии худ навишт, ки аз тири оташфишон як сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ захмӣ шудааст.

“Аз тири яроқи шикорӣ зани 24-солаи сокини деҳаи тоҷикнишин Тайиба Сафарова, ки барои гирифтани об аз хонааш баромада буд, захмӣ шудааст. Ба гуфтаи шоҳидон, оташ аз ҷониби хонаи сокини деҳаи Куктош кушода шудааст”, – навиштааст Илёсзода.

Як манбаъ аз беморхонаи марказии шаҳри Исфара ба “Азия-Плюс” гуфт: “Занро ҷарроҳӣ карданд ва тири силоҳро аз миёнаш берун оварданд. Саломатии ин зан айни ҳол миёнаи вазнин буда, ӯ зери назорати духтурон қарор дорад”.

Кӯшиши гирифтани назари мақомоти давлатӣ дар ин бора натиҷа надод.

Хабаргузории “Turmush” бо истинод ба намояндаи ҳукумат дар вилояти Ботканд хабар додааст, ки баъд аз пайдо шудани чунин маълумот намояндагони шуъбаҳои умури дохилии навоҳии наздимарзии Тоҷикистон ва Қирғизистон мулоқот кардаанд.

“Дар ин вохӯрӣ маълум карда шуд, ки дар минтақаи сарҳадӣ сокинони деҳаи қирғизнишин овози тирро нашунидаанд ва шахси захмиро надидаанд. Навиштаи Иқбол Тешаев дар он бора, ки шаҳрванди Қирғизистон ба сӯйи шаҳрванди Тоҷикистон оташ кушодааст, воқеият надорад. Тибқи маълумоти пешакӣ, ҳодисаи тирпарронӣ дар ҳудуди Тоҷикистон дар натиҷаи муноқишаи оилавӣ рух додааст”, – менависад “Turmush”.  

Дар ҳамин ҳол, имрӯз сокинони деҳаи Сомониён зимни муроҷиат ба мақомоти салоҳиятдори Қирғизистон оғози парвандаи ҷиноятиро нисбат ба шахси ҷониби Тайиба Сафарова тиркушода талаб кардаанд.

“29-уми декабри соли ҷорӣ дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ Тайиба Сафарова, соли таваллудаш 1995 аз тири яроқи шикорӣ ҷароҳат бардошт. Ба сӯйи ӯ шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон бо номи Хадятулло, ки дар деҳаи Кӯктоши ҷамоати Оқсойи ноҳияи Ботканд зиндагӣ мекунад, оташ кушод. Аз ҷониби рӯзноманигорони ҳамсоякишвар иттилое нашр гардид, ки гӯё ҳодиса дар натиҷаи муноқишаи оилавӣ рух додааст ва шаҳрвандони Қирғизистон ба ин иртибот надоранд. Аммо худи мо шоҳиди ин ҳодиса будем. Мо – сокинони деҳаи Сомониёни шаҳри Исфара ба мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Қирғизистон муроҷиат карда, талаб мекунем, ки нисбат ба Ҳадятулло, сокини деҳаи Кӯктоши ҷамоати Оқсойи ноҳияи Ботканд парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шавад. Ин қазия таҳқиқ шуда, гунаҳкорон аз рӯйи қонун ҷазои ҷиддӣ гиранд”, – омадааст дар муроҷиатнома.

Ёдовар мешавем, ки дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 18-уми декабр низ муноқиша ба амал омада буд. Дар натиҷаи он аз ҳар ду ҷониб беш аз 10 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Дар ин ҳолат 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешаванд. Аз оғози соли 2019 дар сарҳади давлатҳо беш аз 10 низоъ, аз ҷумла, бо талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар ин харитаи интерактивии мо “нуқтаҳои доғ”-и сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон бо зикри низоъҳои охир ва сабаби онҳо нишон дода шудаанд. Ҳамчунин дар харита постгоҳҳои назоратӣ зикр гардидаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.