Сипосгузории Путин аз Трамп барои кумак ба хунсо кардани “ҳамлаи террористӣ”

Дафтари раёсати ҷумҳури Русия мегӯяд, ки президент Владимир Путин ба ҳамтои амрикоияш Доналд Трамп ба хотири кӯмак ба пешгирӣ аз анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар Русия, сипосгузорӣ кардааст. Тибқи баёния, Владимир Путин аз Доналд Трамп "ба хотири маълумоти интиқолёфта аз тариқи хадамоти вижа, ки монеъ аз анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар Русия шудааст", ташаккур намудааст. Оқои Путин […]

Радиои Озодӣ

Дафтари раёсати ҷумҳури Русия мегӯяд, ки президент Владимир Путин ба ҳамтои амрикоияш Доналд Трамп ба хотири кӯмак ба пешгирӣ аз анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар Русия, сипосгузорӣ кардааст.

Тибқи баёния, Владимир Путин аз Доналд Трамп "ба хотири маълумоти интиқолёфта аз тариқи хадамоти вижа, ки монеъ аз анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар Русия шудааст", ташаккур намудааст. Оқои Путин бо Доналд Трамп телефонӣ гуфтугӯ кардааст. Тамоси телефонӣ бо дархости Маскав сурат гирифтааст. Мақомҳои расмии Амрико ё ҳукумати он кишвар изҳороти матраҳшуда дар ин баёнияро таъйид накардааст.

Чанд соат баъд расонаҳои русӣ ба нақл аз ФСБ ё Хадамоти федералии амнияти он кишвар гузориш доданд, ки ду шаҳрванди Русия, ки қасди "анҷоми ҳамлаи террористӣ дар таътилоти Соли навӣ дар Санкт-Петербургро доштанд", боздошт шудаанд. Ин боздоштҳо бо кӯмаки маълумоти пешниҳодкарда аз сӯи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико анҷом шудааст.

Тибқи баёнияе, ки дар вебсайти раёсати ҷумҳури Русия нашр шудааст, дар ҷараёни гуфтугӯи телефонии Путин ва Трамп, ду тараф дар мавриди "бархе масъалаҳои дарбаргирандаи манфиатҳои муштараки ду кишвар" суҳбат кардаанд. Ба гуфтаи Маскав, раҳбарони ду кишвар "бар сари ҳамкориҳои муштарак барои идомаи муқобила бо терроризм" тавофуқ карданд. Дар ин баёния ҷузъиёти бештаре нашр нашудааст.

Робитаҳои Маскав ва Вашингтон аз замони дахолати Русия дар бӯҳрони Украина, бо таниш рӯбарӯ шудааст. Дар пасманзари ин бӯҳрон, кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳо ҷорӣ карданд. Ин танишҳо бо тамдид накардани паймони пешгирӣ аз мушакҳои ҳастаии миёнапарвоз, ихтилофҳо бар сари кишварҳое монанди Сурия, Венесуэла ва минтақаҳои дигар, идома кардааст.

Айни ҳол робитаҳои Путин ва Трамп низ пас аз гузоришҳои ниҳодҳои истихборотии Амрико дар бораи "дахолат"-и Русия дар интихоботи президентии соли 2016 дар Амрико, солҳост зери заррабин қарор дорад. Трамп борҳо таъкид кардааст, ки ҳеҷ гуна ҳимояте аз сӯи ҳукумати Русия сурат нагирифтааст ва таҳқиқотро интиқомгирии сиёсӣ аз сӯи демократҳо хондааст.

Раҳбарони ду кишвар ҳади ақал шаш бор рӯбарӯ шуда ва гуфтугӯ кардаанд. Аз ҷумла, дар ҷараёни нишасти "Гурӯҳи 20" дар моҳи июн дар Ҷопон ду раҳбар бо ҳам мулоқот карданд, аммо раиси ҷумҳури Амрико ҳозир нашуд тавзеҳе дар мавриди гуфтугӯҳояш бо Путин бидиҳад ва ба хабарнигорон гуфт, "рабте ба шумо надорад".

Хабаргузории ТАСС мегӯяд, мақомҳои рус бар нақши ИМА дар ироаи маълумоте, ки монеи "тавтеаҳои террористӣ" дар октябри соли 2017 шудааст, таъкид кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?