Бонк барои дастгирии истеҳсолкунандагон ва содиркунандагон соли оянда ба кор медарояд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон барои дастгирии соҳибкорони истеҳсолкунанда ва содиркунандагони маҳсулоти ватанӣ бонк таъсис медиҳад.

Бонк дар назди “Фонди дастгирии соҳибкории назди ҳукумати Тоҷикистон” таъсис дода мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Фонди мазкур иттилоъ доданд, корҳои таъсиси бонк бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аллакай оғоз шудаанд.

Бонк баҳри дастгирии молиявии намояндагони тиҷорати хурду миёна, ки ба истеҳсолот машғуланд, ҳамчунин содиркунандагои маҳсулоти ватанӣ бунёд мешавад.

Ин муассисаи қарзӣ аз ҳисоби маблағҳои ҳукумати ҷумҳурӣ сармоягузорӣ хоҳад шуд. Дар назар аст, ки бонк аз соли оянда ба фаъолият шурӯъ мекунад.

Дар Фонд қайд карданд, ки қарзҳо дар бонки нав бо меъёри фоизии нисбатан пасттар пешниҳод хоҳанд шуд.

“Фонди дастгирии соҳибкорӣ” соли 2013 таъсис ёфт. Он ба соҳибкорони маҳаллӣ ба муҳлати то се сол бо меъёри 12 фоизи солона қарз медиҳад.

Қарзҳо маъмулан ба соҳибкорони истеҳсолкунанда ва содиркунандагони маҳсулот дода мешавад.

То ин замон Фонд ба наздики 300 нафар соҳибкорон ва содиркунандагони маҳсулот қарз додааст.

Ҳаҷми сандуқи қарзии Фонд айни замон беш аз 200 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...