Бонк барои дастгирии истеҳсолкунандагон ва содиркунандагон соли оянда ба кор медарояд

Ҳукумати Тоҷикистон барои дастгирии соҳибкорони истеҳсолкунанда ва содиркунандагони маҳсулоти ватанӣ бонк таъсис медиҳад. Бонк дар назди “Фонди дастгирии соҳибкории назди ҳукумати Тоҷикистон” таъсис дода мешавад. Тавре ба “Азия-Плюс” аз Фонди мазкур иттилоъ доданд, корҳои таъсиси бонк бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аллакай оғоз шудаанд. Бонк баҳри дастгирии молиявии намояндагони тиҷорати хурду миёна, ки ба […]

Ҳукумати Тоҷикистон барои дастгирии соҳибкорони истеҳсолкунанда ва содиркунандагони маҳсулоти ватанӣ бонк таъсис медиҳад.

Бонк дар назди “Фонди дастгирии соҳибкории назди ҳукумати Тоҷикистон” таъсис дода мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Фонди мазкур иттилоъ доданд, корҳои таъсиси бонк бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аллакай оғоз шудаанд.

Бонк баҳри дастгирии молиявии намояндагони тиҷорати хурду миёна, ки ба истеҳсолот машғуланд, ҳамчунин содиркунандагои маҳсулоти ватанӣ бунёд мешавад.

Ин муассисаи қарзӣ аз ҳисоби маблағҳои ҳукумати ҷумҳурӣ сармоягузорӣ хоҳад шуд. Дар назар аст, ки бонк аз соли оянда ба фаъолият шурӯъ мекунад.

Дар Фонд қайд карданд, ки қарзҳо дар бонки нав бо меъёри фоизии нисбатан пасттар пешниҳод хоҳанд шуд.

“Фонди дастгирии соҳибкорӣ” соли 2013 таъсис ёфт. Он ба соҳибкорони маҳаллӣ ба муҳлати то се сол бо меъёри 12 фоизи солона қарз медиҳад.

Қарзҳо маъмулан ба соҳибкорони истеҳсолкунанда ва содиркунандагони маҳсулот дода мешавад.

То ин замон Фонд ба наздики 300 нафар соҳибкорон ва содиркунандагони маҳсулот қарз додааст.

Ҳаҷми сандуқи қарзии Фонд айни замон беш аз 200 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.