Интернети мобилии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» босуръаттарин дар кишвар

Иттилоияи расмӣ

Ширкати Ookla, таҳиякунандаи  замимаи маъруфи мобилии SpeedTest, натиҷаҳои таҳқиқоти мустақили суръатҳои интернети мобилиро интишор намуд. Бори аввал дар рейтинги байналмилалии Ookla маълумотҳои операторони Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардиданд. Натиҷаҳои баландро дар соли 2019 мувофиқи ченкуниҳои истифодабарандагони интернет МегаФон Тоҷикистон манзур намудааст.     

Дар рафти таҳқиқотҳои мунтазами худ  Ookla санҷишҳоеро, ки аз тарафи дорандагони смартфонҳо мустақилона  дар шабакаҳои ҳамаи операторон гузаронида шуданд, таҳлил менамояд. Натиҷаҳо дар сатҳи тамоми кишвар ҷамъбаст гардида, воқеияти комили маълумоти ниҳоиро кафолат медиҳанд.  

Муштариёни шабакаҳои мобилии Тоҷикистон зиёда аз 14 ҳазор ченкуниҳоро бо ёрии SpeedTest анҷом доданд. Афзалиятро аз рӯи ҳамаи талаботи асосӣ  ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба даст овард.     Суръат ҳангоми гузаронидани маълумот ба смартфон (Download) – ба ҳисоби миёна  14,5 Мбит/с ташкил медиҳад.    Ҳангоми таҳвили маълумот аз дастгоҳ (Upload) суръат аз 7 Мбит/с баландтар аст.    Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо дигар шабакаҳои ҷумҳурӣ якчанд маротиба зиёд мебошад. Инчунин, дар байни ҳамаи операторон  вақти интизории даъват дар шабакаи МегаФон беҳтарин ҳисобида шуд.   

Чӣ тавре дар ширкат қайд намуданд, натиҷаҳои таҳқиқоти мустақил бо пешсафии технологии МегаФон шарҳ меёбанд. Танҳо дар соли 2019 дар саросари кишвар истгоҳҳои базавии стандарти 4G ду маротиба бештар, нисбат ба солҳои пешин, ба кор дароварда  шуданд.   «Таъмини шабакаи “босуръат” қариб дар 30 ноҳияи Тоҷикистон анҷом ёфта, зимнан ба минтақаи  фарогирӣ ҳам шаҳрҳо ва ҳам деҳаҳои начандон калон дохил мегарданд», – иброз дошт директори техникии ширкати  «МегаФон Тоҷикистон» Рафиль АГЛЯМОВ.    

Аз ҷониби оператор дигар лоиҳаҳои техникӣ низ амалӣ  гаштанд. Дар рафти модернизатсияи таҷҳизот зарфияти шабакаҳои  магистралии Душанбе – Бохтар – Данғара то се маротиба афзун гардид.    Зарфияти шабакаҳои радиорелеӣ  дар самтҳои Нуробод, Сангвор, Панҷакент, Ҳисор низ зиёд карда шуд.   Рушди инфрасохтори алоқа дар тамоми кишвар  ба он мусоидат намуд, ки соли 2019 Тоҷикистон дар рейтинги ҷаҳонии суръати интернет якбора якчанд зина боло баромад.

«Хушҳолем, ки Ookla бартариятро аз рӯи суръат ба мо муносиб донистааст. Мо ҳамеша баҳри бунёди иншооти нави алоқа, пеш аз ҳама шабакаи 4G, кӯшиш менамоем. Дар натиҷа суръати интернет баланд баромада, теъдоди истифодабардагони он афзудааст.    Имрӯз дар шабакаи 4G муштариёни мо се маротиба зиёдтар, дар муқоиса бо аввали сол, ба қайд гирифта шуданд.     Ҳаҷми трафик дар қиёс бо нишондиҳандаҳои моҳи январ 4 маротиба зиёд мебошад.   Ҳаминро бояд қайд кунам, ки Ookla маълумотҳои дар шароитҳои мураккаб ва бо ҷидду ҷаҳди зиёд ба даст омадаро коркард менамояд.    Муштариён суръатро дар тамоми ҷумҳурӣ: дар пойтахт, дар дигар шаҳрҳо,  деҳоти кӯҳистон, бо смартфонҳои нав ва намудҳои  таҷҳизоти  солҳои пешин чен мекунанд. Ҳар қадаре, ки ин гуна ченкуниҳо зиёдтар бошанд, ҳамон қадар рейтинги тавсифдиҳандаи ҳолати воқеии бозори хизматрасониҳои телекоммуникатсионии кишвар шаффофтар мегардад», – мегӯяд Директори иҷроияи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий ИЗЮМНИКОВ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...