Дастури муовини сарвазир оид ба пешгирии воридоти равғани нахл ба Тоҷикистон

Муовини сарвазири Тоҷикистон, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ Азим Иброҳим ҷаласаи Шӯрои мазкурро баргузор кард. Муовини сарвазир аз роҳбарони сохторҳои масъул, ки бехатарии маҳсулоти хӯроквориро таъмин мекунанд, талаб кард, ки оид ба нақшаи корҳои иҷрошуда дар самти таъмини бехатарии маҳсулот дар доираи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар соли 2019 ҳисобот пешниҳод кунанд. Дар ин бора […]

Муовини сарвазири Тоҷикистон, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ Азим Иброҳим ҷаласаи Шӯрои мазкурро баргузор кард.

Муовини сарвазир аз роҳбарони сохторҳои масъул, ки бехатарии маҳсулоти хӯроквориро таъмин мекунанд, талаб кард, ки оид ба нақшаи корҳои иҷрошуда дар самти таъмини бехатарии маҳсулот дар доираи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар соли 2019 ҳисобот пешниҳод кунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод.

Дар ҷаласа таъкид шуд, ки соли равон ба сохторҳои марбута пешгирии воридоти маҳсулоти гӯштӣ ва қаннодии пастсифат ба ҷумҳурӣ муяссар шуд.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳиссаи маҳсулоти дар боло зикршудаи истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ ба таври назаррас афзуд.

Муовини сарвазир таъкид кард, ки бо вуҷуди аз моҳи августи соли 2016 манъ шудани воридоти равғани нахл (палма) ба Тоҷикистон, то ҳол баъзе ҳолатҳои ҷудогонаи воридоти қочоқии он ҷой доранд.

Дар ин робита Азим Иброҳим хадамоти дахлдорро вазифадор кард, ки “аз воридоти равғани нахл, маҳсулоти пастсифати гӯштиву ширӣ ва тухми мурғ қотеъона пешгирӣ шавад”.

Ба ҷуз ин, муовини сарвазир талаб кард, ки назорат аз болои сифати маҳсулоти хӯроквории дар дохили кишвар истеҳсолшуда пурзӯр карда шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.