Ӯзбекистон сарҳади муштарак бо Тоҷикистонро аз минаҳо тоза кард

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ӯзбекистон изҳор дошт, ки қаламрави ҳаммарзи худро бо Тоҷикистон аз минаҳо безарар гардонидааст.

“Поккории сарҳади ду кишвар аз минаҳо танҳо бо нерӯю воситаҳои Ӯзбекистон сурат пазируфт”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз бахши қудратии ҳукумати Тоҷикистон.

Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Ӯзбекистон кумаки мутахассисони тоҷикро дар ин кор рад кард, зеро поккорӣ аз минаҳо танҳо дар қаламрави ҳамсоякишвар гузаронида шуд.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯйи натиҷаҳои сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 ва гуфтушуниди ӯ бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷонибҳо созиш ҳосил карданд, ки то охири соли 2019 поксозии сарҳадоти муштарак аз минаҳоро ба итмом мерасонанд.

Ӯзбекистон қитъаҳои кӯҳистони сарҳадоти мушатарак бо Тоҷикистонро дар охири солҳои 90-уми асри гузашта минакорӣ карда буд. Он замон Тошканди расмӣ ин амалашро чунин шарҳ дод, ки гӯё воридшавии ҷангиёни Ҳаракати исломии Ӯзбекистонро ба қаламраваш пешгирӣ карданист.

Тибқи маълумоти Маркази миллии масоили минаҳои Тоҷикистон, тайи 20 соли охир аз таркиши минаҳои зиддипиёдагард 374 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳалок ва 485 тоҷикистонӣ ҷароҳат бардоштанд. Ин фоҷиаҳо натанҳо дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, балки дар дохили ҷумҳурӣ низ рух додаанд. Дар бораи теъдоди одамони фавтида аз таркиши минаҳо дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон маълумоти дақиқ дастрас нест.

Дар ҷараёни безараргардонии минаҳо дар қаламрави Тоҷикистон дар ин давра 20 мутахассиси ин соҳа (сапёрҳо) захмӣ ва 2 нафари онҳо ҳалок шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.