САҲА ба татбиқи лоиҳаи таҳкими амнияти сарҳади Тоҷикистону Афғонистон оғоз мекунад

Дафтари барномаҳои САҲА лоиҳаи аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузоришудаи ҳифзи сарҳадоти сабз ва эътино ба ҳолатҳои фавқулоддаро оғоз мекунад. Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе лоиҳаи “Мустаҳкам намудани минтақаи сарҳади ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон”-ро ба маблағи 3,3 миллион евро, ки дар доираи Воситаи (Санади) сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, оғоз намуд. Ҳадафи лоиҳаи 18-моҳа таҳкими […]

Дафтари барномаҳои САҲА лоиҳаи аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузоришудаи ҳифзи сарҳадоти сабз ва эътино ба ҳолатҳои фавқулоддаро оғоз мекунад.

Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе лоиҳаи “Мустаҳкам намудани минтақаи сарҳади ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон”-ро ба маблағи 3,3 миллион евро, ки дар доираи Воситаи (Санади) сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, оғоз намуд.

Ҳадафи лоиҳаи 18-моҳа таҳкими зарфияти касбии хадамоти сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон бо мақсади мубориза бо фаъолияти ғайриқонунӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мебошад. Ҳадафи лоиҳа инчунин таҳкими иқтидори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ) дар эътино намудан ба офатҳои табиӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мебошад.

Баҳрабардорон аз КҲФ ва МГ ва Хадамоти сарҳадӣ мавриди омӯзиши амалӣ оид ба банақшагирии амалиёт ва дастгирии амалиёти саҳроӣ қарор мегиранд. Лоиҳа малакаҳои кормандони хадамоти сарҳадии ҳар ду кишварро, ки барои эътино намудан ба ҳодисаҳо дар соҳаи амният ва ҳифзи сарҳадот заруранд, тақвият мебахшад.

Илова бар ин, бинои таълимии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар Халқаёр ва Лангар қисман тармим карда мешаванд ва маркази таълимии КҲФ ва МГ дар Саратоқ пурра тармиму таҷдид карда шуда, ба истифода дода мешавад. Лоиҳа ба таҳкими субот ва амнияти сарҳади байни Тоҷикистон ва Афғонистон мусоидат хоҳад кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.