Ӯзбекистон сарҳади муштарак бо Тоҷикистонро аз минаҳо тоза кард

Ӯзбекистон изҳор дошт, ки қаламрави ҳаммарзи худро бо Тоҷикистон аз минаҳо безарар гардонидааст. “Поккории сарҳади ду кишвар аз минаҳо танҳо бо нерӯю воситаҳои Ӯзбекистон сурат пазируфт”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз бахши қудратии ҳукумати Тоҷикистон. Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Ӯзбекистон кумаки мутахассисони тоҷикро дар ин кор рад кард, зеро поккорӣ аз минаҳо танҳо […]

Ӯзбекистон изҳор дошт, ки қаламрави ҳаммарзи худро бо Тоҷикистон аз минаҳо безарар гардонидааст.

“Поккории сарҳади ду кишвар аз минаҳо танҳо бо нерӯю воситаҳои Ӯзбекистон сурат пазируфт”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз бахши қудратии ҳукумати Тоҷикистон.

Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Ӯзбекистон кумаки мутахассисони тоҷикро дар ин кор рад кард, зеро поккорӣ аз минаҳо танҳо дар қаламрави ҳамсоякишвар гузаронида шуд.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯйи натиҷаҳои сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 ва гуфтушуниди ӯ бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷонибҳо созиш ҳосил карданд, ки то охири соли 2019 поксозии сарҳадоти муштарак аз минаҳоро ба итмом мерасонанд.

Ӯзбекистон қитъаҳои кӯҳистони сарҳадоти мушатарак бо Тоҷикистонро дар охири солҳои 90-уми асри гузашта минакорӣ карда буд. Он замон Тошканди расмӣ ин амалашро чунин шарҳ дод, ки гӯё воридшавии ҷангиёни Ҳаракати исломии Ӯзбекистонро ба қаламраваш пешгирӣ карданист.

Тибқи маълумоти Маркази миллии масоили минаҳои Тоҷикистон, тайи 20 соли охир аз таркиши минаҳои зиддипиёдагард 374 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳалок ва 485 тоҷикистонӣ ҷароҳат бардоштанд. Ин фоҷиаҳо натанҳо дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, балки дар дохили ҷумҳурӣ низ рух додаанд. Дар бораи теъдоди одамони фавтида аз таркиши минаҳо дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон маълумоти дақиқ дастрас нест.

Дар ҷараёни безараргардонии минаҳо дар қаламрави Тоҷикистон дар ин давра 20 мутахассиси ин соҳа (сапёрҳо) захмӣ ва 2 нафари онҳо ҳалок шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.