Захираи тиллои Тоҷикистон баъд аз 30 сол тамом мешавад?

Тибқи маълумоти мақомоти марбута, ҳамасола дар ҷумҳурӣ беш аз 10 тонна тилло истихроҷ шуда, захираҳои ин металл ҳамагӣ 250-300 тоннаро ташкил медиҳад. Ҳамасола дар Тоҷикистон беш аз 10 тонна тилло истихроҷ карда мешавад. Дар ин бора дар торнамои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ хабар дода мешавад. “Аммо имрӯз эҳтимол дорад, ки истеҳсоли […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тибқи маълумоти мақомоти марбута, ҳамасола дар ҷумҳурӣ беш аз 10 тонна тилло истихроҷ шуда, захираҳои ин металл ҳамагӣ 250-300 тоннаро ташкил медиҳад.

Ҳамасола дар Тоҷикистон беш аз 10 тонна тилло истихроҷ карда мешавад. Дар ин бора дар торнамои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ хабар дода мешавад.

“Аммо имрӯз эҳтимол дорад, ки истеҳсоли солона то 20 тонна афзоиш ёбад”, – омадааст дар хабар.

Ҳаҷми захираи тиллои табииро дар Кумита 250-300 тонна арзёбӣ мекунанд.

Бо назардошти ин маълумот, метавон ба хулосае расид, ки дар муддати 25-30 соли оянда захираҳои тиллои кишвар ба охир мерасанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Вазорати саноат, соли 2018 дар Тоҷикистон рекорди навбатӣ гузоштанд: беш аз 6,4 тонна тилло истеҳсол шуд.

Соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли ин металли гаронбаҳо дар Тоҷикистон нисбат ба соли пешин қариб 17% афзуд. Тайи панҷ соли охир ҳаҷми истеҳсоли тилло дар кишвар беш аз 3 маротиба – аз 2 то 6,4 тонна зиёд шуд.

Дар назар аст, ки аз ҳисоби ба истифода додани иқтидорҳои нав, дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2012 ҳаҷми истеҳсоли тилло дар соли 2022 ба андозаи 7 баробар зиёд мешавад: соли 2012 дар Тоҷикистон андаке бештар аз 2,4 тонна тилло истихроҷ шуда буд.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат, Тоҷикистон захираҳои бойи тилло дорад. Дар ҷумҳурӣ 137 кон бо захираҳои ҳисобшудаи тиллои саноатӣ ва 127 кон бо захираҳои тиллои ғайрисаноатӣ мавҷуданд.

Ҳанӯз соли 2015 роҳбарияти Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки ҳаҷми захираи тасдиқшудаи тилло дар конҳои ҷумҳурӣ ҳудуди 500 тоннаро ташкил медиҳад.

Дар ҷумҳурӣ ба истихроҷи тилло асосан корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин “Зарафшон” машғул аст, ки наздики 70% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли ин металли гаронбаҳо ба ҳиссаи он рост меояд.

Айни замон дар Тоҷикистон зиёда аз 10 корхона ба истеҳсоли тилло машғуланд, ки дар қатори КМ “Зарафшон”, бузургтарини онҳо КМ «Апрелевка», корхонаи давлатии «Тиллои тоҷик», корхонаи заршӯйӣ (артел)-и «Одина» ва ширкати «Пакрут» мебошанд.

Соли гузашта дар қаламрави ноҳияи Айнӣ ширкати ТВЕА-и Чин ба коркарди ду кони тилло оғоз кард.

Ҳуқуқи истифода аз ин конҳо ба ширкати Чин барои ҷуброни маблағи масрафкардааш дар бунёди Маркази барқу гармидиҳии Душанбе дода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.