Тоҷикистон ду кони тиллоро барои коркард расман ба чиниҳо дод

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ имрӯз, 28-уми ноябр созишномаи ҳанӯз моҳи августи соли 2012 имзошударо байни Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, ҶСК «ТВЕА»-и Чин ва ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» дар бораи амалисозии лоиҳаи сохтмони маркази барқу гармидиҳӣ «Бо усули захиравӣ» тасдиқ кард. Муовини аввали вазири саноат ва технологияҳи нави Тоҷикистон Бахтиёр Шарифӣ дар ҷаласаи парлумон қайд кард, […]

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ имрӯз, 28-уми ноябр созишномаи ҳанӯз моҳи августи соли 2012 имзошударо байни Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, ҶСК «ТВЕА»-и Чин ва ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» дар бораи амалисозии лоиҳаи сохтмони маркази барқу гармидиҳӣ «Бо усули захиравӣ» тасдиқ кард.

Муовини аввали вазири саноат ва технологияҳи нави Тоҷикистон Бахтиёр Шарифӣ дар ҷаласаи парлумон қайд кард, ки ширкати Чин аллакай ба истихроҷи тилло дар кони "Кумарғи Боло” ва “Дуоба” дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд оғоз кардааст.

Фоида аз истихроҷи тилло ба ҷуброни воситаҳое равона хоҳад шуд, ки ширкат дар сохтмони маркази барқу гармидиҳӣ дар Душанбе масраф кард.

Майдони умумии конҳо 15,4 км мураббаъ, захираҳои собитшудаи тилло – 51,7 тонна ва захираҳои мавриди таҳқиқ – 117,16 тоннаро ташкил медиҳад.

Мувофиқи созиши ҳосилшуда бо ҳукумати Тоҷикистон, ширкат ба истихроҷи металлҳои гаронбаҳо аз ин конҳо то ҷуброни воситаҳои харҷкардааш барои сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ҳуқуқ дорад.

Ба қавли Шарифӣ, ҳамаи тиллое, ки ширкат аз ин конҳо истихроҷ мекунад, танҳо ба Вазорати молияи Тоҷикистон фурӯхта мешавад.

“Ба ҷуз ин, аз ҳудуди 700 нафар коргарон дар ин конҳо 80%-ашро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил хоҳанд дод”, – гуфт Шарифӣ.

Қобили зикр аст, ки маблағи сарфшудаи ширкати ТВЕА барои сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 – 349 млн. долларро ташкил дода, 17,4 млн. доллараш ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Соли гузашта раҳбарияти ширкати ТВЕА ба ВАО-и Чин хабар дод, ки агар захираҳои ду кони тилло барои ҷуброни хароҷоти ширкат кифоя накунад, ба ин ширкат барои коркарди боз як кони дигар ҳуқуқ дода мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.