Тавозуни савдои Тоҷикистон бо кадом кишварҳо мусбат аст?

Соли гузашта Тоҷикистон бо зиёда аз 100 кишвари саросари дунё муносиботи савдо дошт, ки танҳо бо 18-тоаш тавозуни он мусбат аст. Мувофиқи маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2019 Тоҷикистон бо 105 кишвари ҷаҳон муносибати тиҷоратӣ дошт. Дар ин давра Тоҷикистон ба маблағи андаке бештар аз 1 млрд. доллар молу маҳсулот содирот карда, […]

Соли гузашта Тоҷикистон бо зиёда аз 100 кишвари саросари дунё муносиботи савдо дошт, ки танҳо бо 18-тоаш тавозуни он мусбат аст.

Мувофиқи маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2019 Тоҷикистон бо 105 кишвари ҷаҳон муносибати тиҷоратӣ дошт. Дар ин давра Тоҷикистон ба маблағи андаке бештар аз 1 млрд. доллар молу маҳсулот содирот карда, ҳаҷми умумии воридот ба ҷумҳурӣ беш аз 2,9 млрд. долларро ташкил дод.

Нишондиҳанда (коэффисиент)-и рӯйпӯш шудани воридот нисбат ба содирот 33,99%-ро ташкил дод.

Соли сипаришуда Тоҷикистон танҳо бо 18 кишвар тавозуни мусбати савдо дошт.

Миёни кишварҳои хориҷи наздик тавозуни савдои Тоҷикистон бо Ӯзбекистон мусбат буда, ҳаҷми содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон 162 млн. ва воридоти молу маҳсулот аз Ӯзбекистон 142 млн. долларро ташкил дод.

Кишварҳои хориҷи дур, ки тавозуни савдои Тоҷикистон бо онҳо мусбат аст, инҳоянд: Афғонистон, Бангладеш, Белгия, Швейтсария, Гурҷистон, Хорватия, Ироқ, Камбоҷа, Лубнон, Латвия, Мянма, Муғулистон, Уммон, Сан-Марино, Туркия, Ҷазираҳои Вирҷиния, Гвинеяи Экваториалӣ.

Дар ҳамин ҳол, соли равон Русия, Қазоқистон ва Чин шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дониста шуданд.

Тавозуни манфии савдои Тоҷикистон бо Русия тӯли 11 моҳи соли гузашта 870 млн. доллар, бо Қазоқистон – 475 млн. доллар ва бо Чин – 485 млн. долларро ташкил дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.