Аз рабудани мошин то дуздии таҷҳизоти компютерӣ

Ду ҷавон дар ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Бохтар бо гумони даст доштан дар ҷинояти дуздӣ боздошт шудаанд. Тибқи иттилои ВКД, аризаи марди 44-солаи сокини деҳаи Гулбутта ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ ворид гардидааст, ки шахси номаълум шаби 1-ум ба 2-юми январ, тахминан соати 3:00 автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Вектра”-ро, ки дар назди ҳавлии истиқоматиаш беназорат меистод, […]

Ду ҷавон дар ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Бохтар бо гумони даст доштан дар ҷинояти дуздӣ боздошт шудаанд.

Тибқи иттилои ВКД, аризаи марди 44-солаи сокини деҳаи Гулбутта ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ ворид гардидааст, ки шахси номаълум шаби 1-ум ба 2-юми январ, тахминан соати 3:00 автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Вектра”-ро, ки дар назди ҳавлии истиқоматиаш беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда, ба самти номаълум бурдааст.

Зимни чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 22-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт бидуни мақсади тасарруф дастгир карданд.

Инчунин ба ШВКД дар шаҳри Бохтар аризаи марди 30-сола ворид шудааст, ки шаби 15 ба 16-уми декабри соли 2019 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба дукони компютериаш, воқеъ дар кӯчаи С.Айнӣ ворид шуда, аз он асбобҳои компютерӣ ва қисмҳои принтери калонҳаҷми тамғаи “Плотери Инфинити”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 31 ҳазору 40 сомониро ташкил додааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 22-солаи сокини шаҳри Бохтар ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷинояти дуздӣ дастгир шудааст.

Аз рӯйи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.