Шодӣ Шабдолов: “Ҷанг бо Эрон барои ИМА ҳалокатбор хоҳад буд”

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

“Дастгоҳи президенти ИМА Доналд Трамп ва худи ӯ бо амалу изҳорот ва эроду хурдагириҳо нисбат ба давлату сиёсатмадорони барояшон номатлуб беақлонеро ба ёд меоранд, ки бидуни ҳарос аз оқибатҳои ин рафтори худ ҳар чизе, ки хоҳанд, мегӯянду амалӣ мекунанд”, – гуфт дар мусоҳибаи “Азия-Плюс” сиёсатмадори маъруфи тоҷик Шодӣ Шабдолов.

Дар мавриди шиддати вазъи имрӯза байни Вашингтону Теҳрон пас аз куштори генерал Қосим Сулаймонӣ, сиёсатмадор таъкид дошт, ки шояд Трамп ва дастгоҳи ӯ имрӯз дар бораи иқтидори ҳарбиву сиёсӣ ва иқтисодии Эрон маълумоти кофӣ надошта бошанд.

“ИМА бо пирӯзӣ бар сохти давлатдории Муаммар Қаззофӣ дар Либия ва Саддом Ҳусейн дар Ироқ шояд иқтидор ва имконоти Эронро нодида мегирад, ки ин нофаҳмӣ барояш метавонад ҳалокатбор бошад”, – таъкд дошт Шабдолов.

Сиёсатмадор бар ин назар аст, ки баъд аз қатли генерал Сулаймонӣ хориҷ шудани Эрон аз созиши ҳастаии қаблан ҳосилшуда, Теҳрони расмиро ба бунёди силоҳи қатли ом наздиктар мекунад.

Ба гуфтаи сиёсатмадор, иқтидори имрӯзаи ҳарбиву иқтисодии Эрон имкон медиҳад, ки он бе силоҳи ҳастаӣ ҳам ба таҳдидҳои ИМА истодагарӣ кунад. Изҳороти Трамп доир ба омодагии Вашингтон ҷиҳати зарбаҳо ба иншооти фарҳангии Эрон ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон, аз ҷумла, дар худи Амрикоро зидди сиёсати ӯ бармеангезад.

“Ман табиатан хушбинам ва бовар дорам, ки ин буҳрон оқилона ва бе ҷанг ҳал мешавад. Дар акси ҳол аз он ҳама, аз ҷумла, Осиёи Марказӣ, Қафқоз, тамоми Ховари Миёна, Русия ва Чин бо сармоягузориҳои худ ба иқтисоди минтақа, ИМА ва иттифоқчиёнаш дар саросари дунё зарар мебинанд”, – таъкид дошт сиёсатмадор.

Дар ҳамин ҳол, ӯ мутмаин аст, ки дар ҷанг бо Эрон иттифоқчиёни ИМА, аз ҷумла, аз кишварҳои аъзои НАТО зиёд нахоҳанд буд.

“Аксари сиёсатмадорони оқил дар Берлину Порис, Токио ва Лондон, Маскаву Пекин мефаҳманд, ки ҷанги ИМА бо Эрон роҳ ба бунбаст буда, ин таҳдид ба амнияти натанҳо Вашингтону Теҳрон, балки тамоми инсоният аст”, – афзуд Шабдолов.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...