Боз як синамоҷашнвораи байнулмилалӣ дар Душанбе

Баҳори соли ҷорӣ дар пойтахти Тоҷикистон баргузории Аввалин синамоҷашни байнулмилалӣ таҳти унвони “Душанбе” дар назар аст. Дар ин бора дар торнамои расмии синамоҷашни “Душанбе” – www.dushanbeiff.tj хабар дода мешавад, ки аллакай фаъол аст. Дар ин ҷашнвораи синамо филмҳои кишварҳои узви ИДМ ва СҲШ, ҳамчунин бародаршаҳрҳои Душанбе намоиш дода мешаванд. Муассисони ҷашнвора ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти шаҳрдории […]

Баҳори соли ҷорӣ дар пойтахти Тоҷикистон баргузории Аввалин синамоҷашни байнулмилалӣ таҳти унвони “Душанбе” дар назар аст.

Дар ин бора дар торнамои расмии синамоҷашни “Душанбе” – www.dushanbeiff.tj хабар дода мешавад, ки аллакай фаъол аст.

Дар ин ҷашнвораи синамо филмҳои кишварҳои узви ИДМ ва СҲШ, ҳамчунин бародаршаҳрҳои Душанбе намоиш дода мешаванд. Муассисони ҷашнвора ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти шаҳрдории пойтахт буда, баргузоркунандаи он Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" мебошад.

Ҷашнвораи синамои “Душанбе” ҳар ду сол панҷ рӯз идома ёфта, рӯзи шанбеи ҳафтаи сеюми моҳи апрел ҷамъбаст карда мешавад.

Мувофиқи қоидаҳои ҷашнвора, филмҳои озмунӣ (то 20 филм) бар асоси Низомномаи ҷашнвора, дар бахшҳои Озмуни байнулмилалии филмҳо ва Озмуни дастовардҳои беҳтарини кинои миллӣ (то 20 филм) интихоб мешаванд.

Ба филмҳои озмунӣ ҳайати ҳакамони иборат аз мутахассисони ватанӣ ва хориҷӣ баҳогузорӣ мекунанд. Ҳамчунин дар доираи ҷашнвора баргузории мизҳои гирд ва машғулиятҳои касбӣ ба нақша гирифта шудааст.

Аввалин Синамоҷашнвораи байнулмилалии "Душанбе" аз 13 то 18 апрел доир шуда, қабули дархостҳо барои иштирок аз 1-уми март оғоз мешавад.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон дар ду сол як маротиба ҷашнвораи “Дидор” баргузор мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.