Пеш аз хатна кӯдакон аз ташхиси ВНМО ва гепатит мегузаранд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Вазорати тандурустии Тоҷикистон тартиби наверо ҷорӣ месозад, ки бояд пеш аз маросими мусулмонии хатна гузаронида шавад: ҳамаи кӯдакон бояд аз ташхиси Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО / ВИЧ) ва гепатит гузаранд. Ин расмиёт бепул набуда, волидон бояд аз натиҷаи ташхиси супоридаи кӯдак маълумотнома пешниҳод кунанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Бибихонум Дарвешзода дар ин робита хабар дод, Вазорат ба муассисаҳои дахлдори тиббӣ дастур додааст, ки пеш аз хатна аз волидон маълумотномаи натиҷаҳои ташхиси ВНМО ва гепатитро талаб кунанд.

“Соли 2018 бо фармони вазири тандурустӣ ҳуҷраҳои махсуси ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатна кушода шуданд. Ҳамон вақт ба табибон дастур дода шуд, ба кӯдаконе, ки натиҷаҳои ташхиси ВНМО ва гепатит намеоранд, амали хатна гузаронида нашавад”, – гуфт котиби матбуотии Вазорат.

Ба қавли номбурда, гузаштан аз ташхиси ВНМО ва гепатит пеш аз хатна пулакӣ буда, ин танҳо ба хотири солимии кӯдакон ва пешгирии бемориҳо анҷом дода мешавад.

“Тавре маълум аст, дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон занон ҳангоми ҳомиладорӣ аз муоинаи табиб намегузаранд ва дар муассисаи тиббӣ худро ба қайд нагузошта, бархе дар хонаҳо таваллуд мекунанд, – қайд кард Дарвешзода. – Дар ин ҳолатҳо табибону волидон намедонанд, ки кӯдак ба чунин бемориҳо гирифтор аст ё на. Ин ташхисҳо ба саривақт ошкор кардани беморӣ мусоидат менамоянд”.

Моҳи феврали соли 2018 дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон 586 ҳуҷраи махсуси ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон боз шуд. Соли 2019 беш аз 81 ҳазор кӯдак хатна шуданд.

Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, маросими хатнаи кӯдак дар доираи оила бе хизматрасонии санъаткорон бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор ба таври ройгон бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...