Натиҷагирии Рустами Эмомалӣ аз фаъолияти шаҳрдорӣ дар соли гузашта

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 10-уми январ ҷаласаи васеъи дастгоҳи шаҳрдориро баргузор мекунад. Зимнан аз фаъолият дар соли 2019 натиҷагирӣ шуда, вазифаҳо барои соли 2020 муайян карда мешаванд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории пойтахт хабар доданд, дар ҷаласа ба масъалаи ҷараёни рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳр ва амалисозии нақшаи генералии пойтахт таваҷҷуҳи хосса зоҳир […]

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 10-уми январ ҷаласаи васеъи дастгоҳи шаҳрдориро баргузор мекунад. Зимнан аз фаъолият дар соли 2019 натиҷагирӣ шуда, вазифаҳо барои соли 2020 муайян карда мешаванд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории пойтахт хабар доданд, дар ҷаласа ба масъалаи ҷараёни рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳр ва амалисозии нақшаи генералии пойтахт таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Дар ҷаласа раисони ноҳияҳои шаҳр ва роҳбарони сохторҳои пойтахт дар бораи фаъолият дар соли гузашта ва нақшаҳо барои соли оянда ҳисобот хоҳанд дод.

Ҳамчунин дар ҷаласа баррасии омодагии шаҳрдорӣ ба ҷашни 30-юмин солгарди Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар назар аст.

Мувофиқи нақшаи ҳукумати шаҳри Душанбе, давоми солҳои 2020-2021 дар пойтахт ба истифода додани наздики 4 ҳазор иншоот дар соҳаҳои саноату савдо, маорифу тандурустӣ, фарҳангу варзиш ба нақша гирифта шуда, беш аз 20 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда мешаванд.

Дар ҷаласа ҳамчунин аз кори сохторҳои марбут ба нақлиёти ҷамъиятӣ, бахши иҷтимоӣ, маорифу тандурустии пойтахт натиҷагирӣ шуда, дар соли равон назди сохторҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошта мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.