Шиносномаи Тоҷикистон дар ҷойи сеюм аз лиҳози ҷолибият дар Осиёи Марказӣ

Дар рейтинги нави шиносномаҳои ширкати байнулмилалии консалтингии Henley&Partners Тоҷикистон дар зинаи 84-ум гузошта шудааст, ки дар муқоиса бо раддабандии соли пешин 4 зина поинтар аст. Гуфта мешавад, тоҷикистониён бидуни раводид ба 58 кишвари дунё сафар карда метавонанд. Қазоқистон байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин самт пешсаф буда, зинаи 67-умро ишғол мекунад. Қазоқистониҳо бе раводид ба 76 […]

Пайрав Чоршанбиев

Дар рейтинги нави шиносномаҳои ширкати байнулмилалии консалтингии Henley&Partners Тоҷикистон дар зинаи 84-ум гузошта шудааст, ки дар муқоиса бо раддабандии соли пешин 4 зина поинтар аст.

Гуфта мешавад, тоҷикистониён бидуни раводид ба 58 кишвари дунё сафар карда метавонанд.

Қазоқистон байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин самт пешсаф буда, зинаи 67-умро ишғол мекунад. Қазоқистониҳо бе раводид ба 76 кишвар рафта метавонанд.

Қирғизистон дар мақоми 80-ум (сафар ба 63 кишвар бе раводид), Ӯзбекистон – 85-ум (57 кишвар) ва Туркманистон дар зинаи 90-ум (52 кишвар) ҷойгир шудаанд.

Зинаи аввалро дар ин раддабандӣ Ҷопон ишғол кардааст, ки шаҳрвандонаш бе раводид аз 191 кишвари дунё боздид карда метавонанд.

Зинаи дуюмро Сингапур (сафар бе раводид ба 190 мамлакат) ва зинаҳои сеюмро Олмон ва Кореяи Ҷанубӣ (сафар ба 189 кишвар бидуни раводид) касб кардаанд.

Дар ин раддабандӣ Русия соҳиби зинаи 51-ум шудааст, ки бо 118 кишвари дунё реҷаи равуои бе раводид ҷорӣ кардааст.

Дар рейинг ҳамагӣ 107 кишвар зикр шуда, зинаи охирро Афғонистон ишғол мекунад ва танҳо бо 26 дават реҷаи равуои бе раводид дорад.

Индекси шиносномаҳои Henley & Partners, қаблан маъруф бо номи Индекси (шохиси) маҳдудиятҳои раводид (соли 2018 номаш иваз шуд), рейтинги байнулмилалии кишварҳо оид ба сатҳи озодии равуо мебошад, ки онҳо ба шаҳрвандони худ пешниҳод кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.