Намояндаи доимии Эрон дар СММ: “Теҳрон интиқом барои Сулаймониро анҷом дод”

Asia-Plus

Намояндаи доимии Эрон дар СММ Маҷид Тахт Равончӣ дар посух ба суоли хабаргузории ТАСС доир ба вокуниши Теҳрон ба изҳороти президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки Теҳрон интиқом барои генерал Қосим Сулаймониро ба анҷом расонида, дар сурати зоҳир нашудани таҳдид аз ҷониби ИМА, ба амалиёти нави низомӣ даст намезанад.

“Ҳамаи амалҳои мо ба куштори Қосим Сулаймонӣ муносиб буданд. Онҳо ба анҷом расиданд. Агар ИМА дигар нисбат ба Эрон амалиёти ҳарбӣ анҷом надиҳад, мо ҳам дигар ба чунин амалҳо даст намезанем”, – таъкид дошт ӯ.

Дипломат илова кардааст, ки Эрон бо амалисозии ҳуқуқаш ба худмуҳофизатӣ қатъиян мутобиқи моддаи 51-и Оинномаи СММ амал кард.

“Агар ИМА боз ба амалиёти низомӣ даст зананд, ба Эрон ҷуз посух дигар роҳе нахоҳад монд”, – иброз доштааст Тахт Равончӣ.

Рӯзи 3-юми январ ИМА ба қаламрави наздики фурудгоҳи Бағдод ду зарбаи мушакӣ зад, ки дар натиҷа фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон генерал Қосим Сулаймонӣ кушта шуд. Пас аз ин парлумони Ироқ қатъномаи дархост дар бораи хуруҷи нерӯҳои ИМА-ро маъқул донист.

Субҳи 8-уми январ Эрон ба пойгоҳҳои ҳарбии ИМА дар Ироқ зарбаҳои мушакӣ зад. Доналд Трамп дар навбати худ изҳор дошт, ки ҷанг намешавад, вале ИМА нисбат ба “ҳукумати Эрон” таҳримҳои нави шадиди иқтисодӣ ҷорӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...