Намояндаи доимии Эрон дар СММ: “Теҳрон интиқом барои Сулаймониро анҷом дод”

Намояндаи доимии Эрон дар СММ Маҷид Тахт Равончӣ дар посух ба суоли хабаргузории ТАСС доир ба вокуниши Теҳрон ба изҳороти президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки Теҳрон интиқом барои генерал Қосим Сулаймониро ба анҷом расонида, дар сурати зоҳир нашудани таҳдид аз ҷониби ИМА, ба амалиёти нави низомӣ даст намезанад. “Ҳамаи амалҳои мо ба куштори Қосим Сулаймонӣ […]

Намояндаи доимии Эрон дар СММ Маҷид Тахт Равончӣ дар посух ба суоли хабаргузории ТАСС доир ба вокуниши Теҳрон ба изҳороти президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки Теҳрон интиқом барои генерал Қосим Сулаймониро ба анҷом расонида, дар сурати зоҳир нашудани таҳдид аз ҷониби ИМА, ба амалиёти нави низомӣ даст намезанад.

“Ҳамаи амалҳои мо ба куштори Қосим Сулаймонӣ муносиб буданд. Онҳо ба анҷом расиданд. Агар ИМА дигар нисбат ба Эрон амалиёти ҳарбӣ анҷом надиҳад, мо ҳам дигар ба чунин амалҳо даст намезанем”, – таъкид дошт ӯ.

Дипломат илова кардааст, ки Эрон бо амалисозии ҳуқуқаш ба худмуҳофизатӣ қатъиян мутобиқи моддаи 51-и Оинномаи СММ амал кард.

“Агар ИМА боз ба амалиёти низомӣ даст зананд, ба Эрон ҷуз посух дигар роҳе нахоҳад монд”, – иброз доштааст Тахт Равончӣ.

Рӯзи 3-юми январ ИМА ба қаламрави наздики фурудгоҳи Бағдод ду зарбаи мушакӣ зад, ки дар натиҷа фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон генерал Қосим Сулаймонӣ кушта шуд. Пас аз ин парлумони Ироқ қатъномаи дархост дар бораи хуруҷи нерӯҳои ИМА-ро маъқул донист.

Субҳи 8-уми январ Эрон ба пойгоҳҳои ҳарбии ИМА дар Ироқ зарбаҳои мушакӣ зад. Доналд Трамп дар навбати худ изҳор дошт, ки ҷанг намешавад, вале ИМА нисбат ба “ҳукумати Эрон” таҳримҳои нави шадиди иқтисодӣ ҷорӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.