Ба шикорчиёни Помир барои парронидани гургҳо силоҳ доданд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ВМКБ ба шикорчиёни маҳаллӣ барои парронидани гургҳо ба хотири таъмини бехатарии одамон ва талаф наёфтани чорвои хонагӣ аз ҳамлаи ин даррандагон силоҳ тақсим карданд.

Тавре хадамоти матбуоти ҳукумати ВМКБ иттилоъ медиҳад, ҳамлаи гургон ба одамон ва чорвои хонагӣ дар фасли зимистон яке аз мушкилоти аҳолии ВМКБ мебошад.

Гуфта мешавад, зимистони соли гузашта 2 нафар одамон, ҳамчунин чорво ва сагон қурбони ҳамлаҳои гургон шуданд.

Таъкид мешавад, ки барои таъмини бехатарии аҳолӣ, ситоди доимо амалкунандаи вилоятии мақомоти ҳокимият таъсис дода шуд.

Дар маълумот қайд мешавад, ки милитсия ва мақомоти амният ба аксари аъзои ассотсиатсияи шикорчиён барои парронидани гургон милтиқу тир додаанд. Ҳамчунин ба шикорчиён барои нобудсозии даррандагон қапқонҳо дода шудааст.

Тавре зикр мешавад, шикорчиёне, ки аз ҳама бештар ба нобуд кардани гургҳо даст меёбанд, аз лиҳози моддӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.

Дар деҳаҳое, ки шикорчиёни маҳаллӣ нестанд, аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти амният навбатдории шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст.

Ёдрас мекунем, ки пас аз низоъи мусаллаҳонаи тобистони соли 2012 байни сохторҳои қудратӣ ва сокинони шаҳри Хоруғ, силоҳи аҳолӣ бо шумули милтиқҳои шикорчиён мусодира шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...