Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар меҳмонхонаи "Серена Душанбе" намоишгоҳи шахсии асарҳои рассоми маъруф Фаррух Хоҷаев, ки чанде қабл аз олам даргузашт, ба кор шурӯъ мекунад. Оғоз – соати 18:00. – Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе бо тими қаҳрамони Ӯзбекистон – “Пахтакор” бозии санҷишӣ мегузаронад. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Дӯстлик”-и шаҳри Тошканд баргузор мешавад.  – Сафари ҳунарии Сирки давлатии Маскав дар […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар меҳмонхонаи "Серена Душанбе" намоишгоҳи шахсии асарҳои рассоми маъруф Фаррух Хоҷаев, ки чанде қабл аз олам даргузашт, ба кор шурӯъ мекунад. Оғоз – соати 18:00.

– Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе бо тими қаҳрамони Ӯзбекистон – “Пахтакор” бозии санҷишӣ мегузаронад. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Дӯстлик”-и шаҳри Тошканд баргузор мешавад.

 – Сафари ҳунарии Сирки давлатии Маскав дар Душанбе идома дорад. Чиптаҳо (вобаста ба қатори нишаст) аз 30 то 80 сомонӣ нарх доранд. Чипта барои кӯдакони синни аз 5-сола харида мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА – 9.6924 сомонӣ;

1 евро – 10.7595 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1570 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1703 — Дар Маскав чопи мунтазами рӯзномаи «Ведомости» оғоз шуд. Ин рӯз аз соли 1991 расман ҳамчун Рӯзи матбуоти Русия ҷашн гирифта мешавад.

2010 — Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон дар баробари БДА «Амонатбонк» ба дигар бонкҳои кишвар низ ба фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун ваколат дода шуд.

2016 — Бонки миллии Тоҷикистон аз аҳолии ҷумҳурӣ даъват ба амал овард, ки аз муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ худдорӣ варзанд.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

Ҳамасола рӯзи душанбеи ҳафтаи дуюми моҳи январ дар Ҷопон Рӯзи ба камолот расидан ҷашн гирифта мешавад. Дар Ҷопон синни ба камолот расидани шахс 20-солагӣ шуморида мешавад. 

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои абрнок, барф, дар баъзе ноҳияҳо бошиддат борида, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Дар водиҳо шабона ва рӯзона -2+3°, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона ва рӯзона 2-7° хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо тумани суст мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -2+3°, рӯзона 9+14° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -3+2°, рӯзона 3+8° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои абрнок, барф, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бошиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 4-9° хунук, рӯзона 1-6 хунук, дар шарқи вилоят шабона аз 12-17° то 20-25° хунук, рӯзона аз 3-8° хунук то 11-16° хунук мешавад.

Дар НТМ Ҳавои абрнок, барф, дар баъзе ноҳияҳо бошиддат, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ пуршиддат борида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона ва рӯзона -2+3°, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво шабона ва рӯзона 1-6° хунук мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои абрнок, барф, шабона дар баъзе ҳолатҳо бошиддат борида, тумани суст мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона ва рӯзона -1+1° мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои абрнок, барф, шабона дар баъзе ҳолатҳо бошиддат борида, тумани суст мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Шабона ва рӯзона -1+1° мешава

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), тумани суст мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона -1+1°, рӯзона 11+13° гарм мешавад.д.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои абрнок, барф, дар баъзе ҳолатҳо бошиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона ва рӯзона 3-5° хунук мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.