Сарвазири Канада: ҳавопаймои украинӣ бо зарбаи мушаки Эрон сарнагун шуд

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Ҷастин Трюдо, нахуствазири Канада, эълом кард, ки ҳавопаймои украинӣ бо зарбаи мушаки Эрон дар Теҳрон сарнагун карда шудааст.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ӯ рӯзи 9-уми январ дар як нишасти хабарӣ гуфт: "Мо аз чанд манбаъ иттилоъ дорем, аз кишварҳои гуногун ва созмони иктишофии худамон, ки ҳавопаймо бар асари партоби як мушаки эронӣ суқут кардааст."

Нахуствазири Канада гуфтааст, шояд ин кор "барқасдона" набудааст, вале афзудааст, "ниёз ба таҳқиқоти наву зуд дар ин замина вуҷуд дорад". Аз ин пеш мақомоти амрикоӣ гуфтанд, онҳо бар ин боваранд, ки ҳавопаймои "Boeing 737​"-и ширкати ҳавопаймоии Украина, ки дар Эрон суқут кард, иштибоҳан бо мушаки Эрон сарнагун карда шудааст. Вале мақомоти Эрон ин хабарҳоро қатъиян рад карданд.

Ҳавопаймо рӯзи 8-уми январ чанд лаҳза баъди баланд шудан аз фурудгоҳи Теҳрон ба замин сарозер шуда, дар натиҷа 176 сарнишини он ба ҳалокат расиданд. Ин ҳавопаймо бо 176 сарнишинаш ба самти Киев парвоз мекард. Ҳамаи мусофирон, аз ҷумла ҳайати халабонҳо ҷон бохтанд. Украина рӯзи 9-уми январ мотами миллӣ баргузор кард.

138 мусофир бо ин ҳавопаймо мехостанд то Киев расида, баъдан ба шаҳрҳои дигар парвоз кунанд. Дар миёни қурбониҳо 63 шаҳрванди Канада буданд. Нахуствазири Канада Ҷастин Трюдо дар робита бо ҳалокати шаҳрвандонаш ба наздикони онҳо изҳори таслият гуфт.

Фоҷиа чанд соат баъд аз партоби мушакҳо ба пойгоҳҳои амрикоӣ дар Ироқ рух дод.

Мақомоти Иёлоти Муттаҳида бе зикри ном ба расонаҳо мегӯянд, онҳо бино бар нишондодҳои моҳвораӣ, радар ва иттилооти электронӣ мутмаинанд, ки шабакаи дифои зиддиҳавоии Эрон тасодуфан ҳавопаймои "Boeing 737-800​"-ро суқут додааст.

Нашрияи Newsweek ба нақл аз мансабдори аршади иктишофии Иёлоти Муттаҳида ва ҳамчунин иттилои мақоми иктишофии Ироқ гуфтааст, онҳо бар ин боваранд, ки ҳавопаймои украинӣ бо мушаки Tor-и истеҳсоли Русия ҳадаф қарор дода шудааст.

Шабакаи телевизионии CBS News мегӯяд, моҳвора ду ҷарақаи инфрасурхи партоби мушакро пеш аз дурахши инфиҷор сабт кардааст.

Аммо раҳбари ҳавонавардии мулкии Эрон дар мусоҳиба бо хабаргузории Reuters ин гуфтугӯҳоро "овозаҳои пуч" номид ва рад кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...