“Қӯқанд-1912” дастаи “Истиқлол”-ро шикаст дод

Дар доираи омодагӣ ба бозии марҳилаи интихобии Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2020 дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бо тими Суперлигаи Ӯзбекистон – “Қӯқанд-1912” бозии санҷишӣ барпо кард. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Дӯстлик” дар шаҳри Тошканд доир гардида, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи тими “Қӯқанд-1912” анҷом пазируфт. Гуфта мешавад, рӯзи […]

Дар доираи омодагӣ ба бозии марҳилаи интихобии Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2020 дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бо тими Суперлигаи Ӯзбекистон “Қӯқанд-1912” бозии санҷишӣ барпо кард.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Дӯстлик” дар шаҳри Тошканд доир гардида, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи тими “Қӯқанд-1912” анҷом пазируфт.

Гуфта мешавад, рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда, 13-уми январ “Истиқлол” дар Тошканд бо чемпиони Ӯзбекистон – дастаи “Пахтакор” боз як бозии санҷишӣ мегузаронад.

Ёдрас мекунем, ки бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Лигаи чемпионҳои КФО-2020 байни дастаҳои “Истиқлол” ва дорандаи медалҳои нуқраи чемпионати Ӯзбекистон – “Локомотив”-и Тошканд 21-уми январ дар Тошканд доир мегардад. Ин даври марҳилаи интихобӣ аз як бозӣ иборат аст.

Барои роҳ ёфтан ба даври гурӯҳии мусобиқаи Лигаи чемпионҳои КФО-2020 ба тими “Истиқлол” зарур аст, ки дастаи “Локомотив”-ро мағлуб сохта, дар даври плей-офф бар дастаи “Ал-Аҳлӣ” аз Арабистони Саудӣ дастболо шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.