Футзалистони тоҷик дар мусобиқаи Тайланд иштирок мекунанд

Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020 тими мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи байнулмилалии Тайланд иштирок мекунад. Сипас дар шаҳри Даммом бо дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ ва Кувейт бозиҳоии рафиқона доир месозад. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи кишварамон бо роҳбарии мутахассиси даниягӣ Деян Дедович дар мусобиқаи байнулмилалии «SAT International Futsal Championship 2020», ки […]

Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020 тими мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи байнулмилалии Тайланд иштирок мекунад. Сипас дар шаҳри Даммом бо дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ ва Кувейт бозиҳоии рафиқона доир месозад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи кишварамон бо роҳбарии мутахассиси даниягӣ Деян Дедович дар мусобиқаи байнулмилалии «SAT International Futsal Championship 2020», ки 2-8 феврал дар шаҳри Ҳат Йайи Тайланд баргузор мешавад, ширкат меварзад.

Дар баробари тими Тоҷикистон боз 5 дастаи мунтахаби дигар иштирокчии мусобиқа хоҳанд буд, ки дар ду гурӯҳи седастаӣ бозӣ хоҳанд кард. Аз ҳар ду гурӯҳ ду дастаӣ ба нимфинал баромада, барои ҷойи аввал талош мекунанд. Ҳамчунин бозӣ барои мавқеи сеюм баргузор мешавад.

Баъд аз анҷоми мусобиқа тими футзали Тоҷикистон ба шаҳри Даммом сафар карда, бо дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ (12-уми феврал) ва Кувейт (13-уми феврал) ду бозии санҷишӣ доир менамояд.

Гуфта мешавад, ки 16-ум Чемпионати Осиё оид ба футзал аз 26-уми феврал то 8-уми марти 2020 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон ҷараён мегирад. Тими Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои Туркманистон, Ветнам ва Уммон бозӣ мекунад. Аз рӯйи натиҷаи мусобиқа 5 дастаи беҳтарин ба Чемпионати ҷаҳон, ки аз 12-уми сентябр то 4-уми октябр дар Литва мегузарад, роҳхат мегиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.