Низоми С-300 дар машқҳо Тоҷикистонро аз зарбаи ҳавоӣ дифоъ кард

Хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон малакаҳои дифоъ аз ҳамлаи гурӯҳҳои эҳтимолии тахрибгари иктишофиро ба иншооти ҳарбӣ дар Тоҷикистон машқ карданд. Тавре хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи Русия хабар медиҳад, зимни машқҳо дар Тоҷикистон дастаҳои дивизиони низоми мушакии С-300 ҳамлаи ҳавоии рақибро бартараф карданд. Мувофиқи фарзияи машқҳо, мутахассисони дифои зиддиҳавоӣ 9-уми январ наздикшавии ҳавопаймо ва […]

Хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон малакаҳои дифоъ аз ҳамлаи гурӯҳҳои эҳтимолии тахрибгари иктишофиро ба иншооти ҳарбӣ дар Тоҷикистон машқ карданд.

Тавре хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи Русия хабар медиҳад, зимни машқҳо дар Тоҷикистон дастаҳои дивизиони низоми мушакии С-300 ҳамлаи ҳавоии рақибро бартараф карданд.

Мувофиқи фарзияи машқҳо, мутахассисони дифои зиддиҳавоӣ 9-уми январ наздикшавии ҳавопаймо ва мушакҳои болдори душмани эҳтимолиро ошкор карданд.

“Дастаҳои ҷангӣ аз бонги хатар ҳозир шуда, воситаҳои ҳамлаи ҳавоиро пайгирӣ карданд. Сипас хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201 беш аз 20 партоби электронӣ анҷом дода, гурӯҳи авиатсионии душмани эҳтимолиро муваффақона нобуд карданд”, – қайд мешавад дар маълумот.

Ба ғайр аз ин, ҳангоми тамринҳо меъёрҳои мушакгузории дубораи низомҳои С-300 иҷро шуда, воҳидҳои посбонӣ ва муҳофизат тарзу усули дифоъ аз ҳамлаи гурӯҳҳои тахрибкору иктишофиро ба мавқеъҳои ҷангӣ омӯхтаву дар амал санҷиданд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи октябри соли гузашта  пойгоҳи низомии 201-уми Русия бо низомҳои мушакии дифои ҳавоии С-300ПС мусаллаҳ гардид. Техника ба қаламрави кишвар тариқи роҳи оҳан интиқол дода шуд.

Ҳайати дивизион фарогири қариб 30 адад техника, аз ҷумла, нуқтаи фармондеҳӣ, дастгоҳҳои партоби мушак, муайянсозӣ ва пайгирии ҳадаф, ҳамчунин мошинҳои таъмини фаъолияти низом аст.

Низомиёни Русия он замон изҳор дошта буданд, ки вазифаи асосии дивизион таъмини ҳимояи иншооти пойгоҳи низомии 201 аз воситаҳои ҳамлаи фазоӣ ва кайҳонӣ, ҳамчунин дифои зиддиҳавоии амнияти дастаҷамъии минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.

Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу қаблан изҳор дошта буд, ки низоми мушакии С-300 пас аз анҷоми таълими мутахассисони тоҷик, баъд аз ду сол ба ихтиёри Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дода мешавад.

С-300 низоми мушакиест, ки ба нобуд кардани ҳавопаймоҳои муосир, аз ҷумла, бо технологияи “стелс” сохташуда, мушакҳои баллистикии миёнамасофа, мушакҳои оперативӣ-тактикӣ ва тактикӣ, ҳамчунин ҳавопаймоҳои бозрасии радиолокатсионӣ, ҳадафгирӣ ва маҷмааҳои иктишофӣ-зарбазанӣ қодир аст.

https://www.youtube.com/watch?v=PNLcgKBWLMM

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.