Эмомалӣ Раҳмонро дар ноҳияи Мастчоҳ интизоранд

Ба ифтихори ташрифи сарвари давлат ба ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд Кохи фарҳанг бо 1 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода мешавад, ки яке аз калонтарин чунин иншоот дар ҷумҳурӣ хоҳад буд. Ҷашни 23-юмин солгарди истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки дар Тоҷикистон ҳамасола рӯзи 27-уми июн ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад, соли 2020 дар ноҳияи […]

Ба ифтихори ташрифи сарвари давлат ба ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд Кохи фарҳанг бо 1 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода мешавад, ки яке аз калонтарин чунин иншоот дар ҷумҳурӣ хоҳад буд.

Ҷашни 23-юмин солгарди истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки дар Тоҷикистон ҳамасола рӯзи 27-уми июн ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад, соли 2020 дар ноҳияи Мастчоҳ баргузор мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати кишвар хабар дод.

Дар чорабиниҳои ҷашнӣ дар Мастчоҳ раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, аъзои ҳукумат, вакилони мардумӣ, ходимони илму фарҳанг, аҳли ҷомеа ва намояндагони диаспораҳои тоҷикон дар кишварҳои хориҷи дуру наздик ширкат меварзанд.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи сафар ба ноҳияи Мастчоҳ президент дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти нави таъиноти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ иштирок карда, бо фаъолони ноҳия вомехӯрад ва бо дастовардҳои соҳаҳои саноату бахши кишоварзӣ шинос мешавад.

Ба муносибати ҷашн дар ноҳияи Мастчоҳ ба сурати умум наздики 30 иншооти нав, аз ҷумла, Кохи фарҳанг бо 1 ҳазор ҷойи нишаст, варзишгоҳ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст ва манзилҳои истиқоматии 5-ошёна ба истифода дода мешавад.

Барои сохтмони Кохи фарҳанг беш аз 30 млн. сомонӣ ва варзишгоҳ дар ноҳияи Мастчоҳ ҳудуди 11 млн. сомонӣ масраф мешавад.

Рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар Маскав байни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ба ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97 хотима бахшид.

Мувофиқи фармони сарвари давлат ва қонуни қабулшуда аз 22-юми майи соли 1998, ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ яке аз идҳои расмии Тоҷикистон мебошад. Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, 27-уми июн дар ҷумҳурӣ рӯзи истироҳат эълон шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.