Садама дар қубурҳои гармидиҳии Душанбе ва бе гармӣ мондани як қисмати пойтахт

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Субҳи имрӯз дар қубури гармидиҳӣ аз Дегхонаи ғарбии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе ба самти маҳаллаҳои Испечак, Зарафшон, 101, 102, 103 ва 104-уми пойтахт садама рух дод.

Бар асари он қисмати зиёди соҳили рости дарёи Душанбе бе гармӣ монд. Дар муассисаҳои томактабии ин қисмати шаҳр аз волидон дархост мекунанд, ки фарзандонашонро аз кӯдакистонҳо ба хона баранд, хонандагони мактабҳо аз дарсҳо озод шуданд. Аксари манзилҳои баландошёна низ бе гармӣ монданд.

Дар хадамоти танзим (диспетчерӣ)-и Маркази барқу гармидиҳӣ ва муассисаи давлатии “Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе” ба “Азия-Плюс” итминон доданд, ки дар ҷойи садама якчанд гурӯҳҳои таъмир машғули коранд, лекин дақиқ гуфта натавонистанд, ки кай гармидиҳӣ дубора барқарор мешавад.

“Мо кор карда истодаем ва вақти дақиқи интиқоли дубораи гармиро гуфта наметавонем”, – посух доданд дар хадамоти танзим.

Мавсими гармидиҳӣ дар Душанбе 1-уми ноябри соли 2019 оғоз шуда, маъмулан то моҳи апрел идома меёбад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...